Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди тағйири бархӯрд бо ислом дар Тоҷикистон


Бархе аз донишмандони тоҷик мегӯянд, нақши ислом дар таъмини амнияти миллӣ бознигарӣ шавад.

Онҳо ба ин назаранд, ки омили исломӣ бояд ба як асбоби суботофарин дар ҷомеъа табдил шавад ва давлат аз навъи нигариши қадимӣ ва бозмонда аз аҳди шӯравии худ дар муносибат ба дин даст бардорад.

ПЕШНИҲОДИ ТАҒЙИРИ МУНОСИБАТ БО ИСЛОМ

Ин донишмандон мӯътақиданд, меъёрҳои ҷомеъаи навро намешавад бо ченакҳои қадимӣ андозагирӣ кард ва навъи нигариши давлат дар муносибат ба ислом ва созмонҳои динӣ бояд тағйир кунад. Ва ба ислом дар консепсияи миллӣ, муносибат ба дин, бояд ба унвони як омили субот муносибат шавад.

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, донишманди тоҷик
Кишварҳои шӯравии пешин, хоса Тоҷикистон бар асоси сиёсати вомонда аз шӯравии пешин аз мазҳаб ҳамчунон ба унвони як омили хатарзо барои амнияти миллӣ нигоҳ мекунанд. Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, донишманди тоҷик мегӯяд, ки ин фикр бояд дар сиёсати давлат ислоҳ шавад, агарчанд ба вуҷуд овардани чунин таҳаввуле кори содда нест.

Ӯ мегӯяд: «Он ғалатҳое, ки дар ибтидо буданд, аз он ғалатҳо мо бояд канор биравем. Зеро хоҳ нохоҳ иштибоҳот буданд, то имрӯз дар сиёсати динӣ бархе инҳирофот ҳаст. Аммо ин ба он маъно нест, ки давлат махсус ин корро мекунад, то ки ба ҳадафи худ бирасад. Давлат гумон мекунад, ки шояд ҳамон сиёсати қаблие, ки буд моро наҷот диҳад. Аммо имрӯз донишмандони наве, ки зуҳур мекунанд, фикри нав пешниҳод мекунанд ва давлат бояд аз инҳо истифода кунад ва хатоҳоро ҷуброн кунад, зеро роҳи дигар надорем. Дар ғайри сурат, дар мавҷи ҷаҳонишавӣ ва глобализатсия маҳв мешавем.»

ИСЛОМ- МУҲИМТАРИН ОМИЛИ МУСОИДАТКУНАНДА БА АМНИЯТӢ МИЛЛӢ


Донишмадони тоҷик мегӯянд, таҳаввулоти ду соли охир, хоса ҳаводиси соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон водор мекунад, ки аз ҳамаи омил ва зарфиятҳои мавҷуд дар дохили кишвар барои таъмини амнияи миллӣ ва пойдории он бояд истифода кард. Ва бо таваҷҷӯҳ ба мусулмон будани аксари кулли сокинони Тоҷикистон, омили исломӣ ба эътиқоди донишмандони тоҷик, муҳимтарин омили мусоидаткунанда ба нафъи амнияти миллӣ маҳсуб мешавад.



Созмони амнияти шӯравӣ ба гуфтаи муҳаққиқони тоҷик, як вазифаи умдааш ин буд, ки аз бедор шудани фикри рӯшангарӣ, миллӣ ва мазҳабӣ ҷилавгирӣ кунад. Зеро бо маҳзи густариши ин фикрҳо дар ҷомеъа, даъвои истиқлолталабӣ баланд мешуд. Аммо акнун созмонҳои амнияти миллӣ бояд баръакси чунин кореро анҷом диҳанд ва аз ҳайсияти миллӣ ва мазҳабӣ ба нафъи амнияти миллӣ истифода кунанд.

АМНИЯТИ МИНТАҚА БО ОМИЛИ ИСЛОМӢ ПОЯНДА АСТ

Абдуллоҳи Раҳнамо, муҳаққиқи равобити дин ва давлат дар Тоҷикистон ва муаллифи китоби «Ислом ва амнияти миллӣ» мегӯяд, субот ва амният
Абдуллоҳи Раҳнамо

дар кишварҳои минтақа бидуни назардошти омили исломӣ давомдор ва поянда нест. Бинобар ин Тоҷикистон дар ин консепсияи худ бояд ислоҳот ворид кунад.

Ӯ мегӯяд: «Дар тарҳҳои амниятофаринӣ дар Осиёи Марказӣ, маъмулан ислом ҳамчун омили таҳкимбахши субот истифода намешавад. Шояд исломро бад набинанд, аммо одат нашудааст ва ин мантиқ ҷо науфтодааст. Ва пешниҳоди мо ин аст, ки аз ин потенсиали бузург бояд истифода шавад. Бинобар бояд аз тариқи ба назар гирифтани омили исломӣ, амнияти устуворро таъмин кунем.»

ИСЛОМРО ДАР ХУД РУШД ДОД ВА Ё ДАР ҶОМЕА?


Аммо Меҳмоншоҳи Шарифзода, донишманди дигари тоҷик мегӯяд, бидуни шак дуруст аст, ки Тоҷикистон бояд аз бархӯрд ба масоили мазҳабӣ аз нуқтаи назари дигарон берун биояд ва консепсияи хоси худро дошта бошад. Ӯ ин пешниҳод ва усули матраҳ намудани масъаларо дуруст медонад, аммо мегӯяд, ки ҳамчун ба ташаккул ва сохтор ё идея муносибат намудан ба мазҳаб ва равандҳои динӣ метавонад мушкил ба бор биёрад. Бинобар ин, ӯ дар ин консепсия ташаккули шахсияти худиро муҳим медонад.

Ва мегӯяд, он роҳи дурусттар аст, назар ба ин, ки давлат ба дин чун ба созмон муносибат кунад: «Вақте идеяҳо ё арзишҳои исломӣ ба таври сохторӣ муаррифӣ ё идора шаванд, ин метавонад мушкилот ба бор биёрад. Ба ҷои ин, агар арзишҳо бевосита дар худии инсон, дар вуҷуди инсон амал кунанд, барои амнияти Тоҷикистон ва барои сохтмони ҳуввияти тоҷикӣ ва миллати тоҷик хидмати бештар мекунанд. Барои ҳамин дар ин пешниҳодот масъалаи мазкур низ бояд дар назар гирифта шавад.»

Аммо ин, ки чунин афкоре аз сӯи давлат ва ниҳодҳои давлатӣ чӣ гуна қабул хоҳад шуд, ҳоло бояд интизор монд ва дид, ки чунин пешниҳодеро низ мақомот бештар чун хатар мебинанд ва ё омили ислоҳ ва субот.
XS
SM
MD
LG