Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кирояи батни занон барои таваллуди кӯдак


Нархи нисбатан арзон ва қонунҳои нарм Украинаро дар миёни оилаҳои кишварҳои ғарбӣ, ки мехоҳанд аз роҳи ҳамли кироя соҳиби фарзанд шаванд, машҳур намудааст.

Аммо ба шарофати қонунгузории нокомил ҳолатҳое низ кам нестанд, ки падарону модарони аслӣ имкони сабти номи навзодҳоро аз даст дода, аз ночорӣ ба иқдомҳои ғайри қобили қабул даст мезананд.

САРГАРДОНИҲОИ ЯК ХОНАВОДАИ ФАРОНСАВӢ

Чанд пеш мақомоти Украина аснои убури марзи ин кишвар бо Маҷористон як оилаи фаронсавиро, ки мехост дугоник-фарзандони навзодашро қочоқӣ ба ватан барад, боздошт намуданд. Ин оила аз ночорӣ ба амали ғайришаръӣ даст зада буд, зеро сафорати Фаронса ба ҳеҷ ваҷҳ қабул накард, ки кӯдаконашонро бо шаҳрвандии Фаронса ва ҳуҷҷатҳои сафарӣ таъмин намояд, то онҳо қонунан ба ватанашон баргарданд.

Патрис Ле Рок ҳамроҳ бо падараш дугоникҳоро дар ҷомадони микроавтобусашон пинҳон карданд, вале суде ҳосил нашуд: “Марзбонон дохили мошинро тафтиш карданд. Кӯдаконро пинҳон карда будем, вале марзбонон ба зудтарин фурсат онҳоро ёфтанд. Онҳо фикр карданд, ки мо қочоқчии инсон ҳастем. Мо ба кӯдакон дору надода будем. Фақат ҳамин буд, ки дар арафаи убури марз онҳоро пинҳон кардем. Саломатии кӯдакон хуб аст.”

Ба ҳар ҳол моҳи гузашта додгоҳи Украина Ле Рок ва падараш-ҳар якеро бо ҷурми кӯшиши қочоқи инсон 2 ҳазор долларӣ ҷарима кард. Ҳамсари Ле Рок, хонум Аурелия низ дар Украина буду бош дораду интизори ҳалли қазияи фарзандонаш мебошад.

ДАР ҶУСТУҶӮИ МОДАРОНИ ИВАЗӢ

Қазияи Ле Рок ягона нест. Солҳои ахир шумори зиёди оилаҳои шаҳрвандони мамолики ғарбӣ бо ҳадафи дарёфти модарони ивазӣ ё ба истилоҳ “суррогат” ба Украина сафар мекунанд. Дар ин кишвари собиқ шӯравӣ онҳо имкон доранд, ки бо нархи нисбатан арзонтаре тухми кӯдакҳои ояндаи худро дар батни занон ҷо дода, баъди нӯҳ моҳ фарзандонеро, ки онҳо ба дунё меоранд, аз худ кунанд.

Падидаи ҳамли кирояи кӯдак, ки ба шарофати рушди илм солҳои ахир тавсеа ёфтааст, ҳатто дар Украина ҳам ҳалли комили қонунӣ пайдо накардааст. Соли гузашта як оила аз Белгия як сол мунтазири эътирофи қонунии фарзандашон буд. Вале дар мавриди қазияи Ле Рок гуфта мешавад, ки Фаронса ҳамли кирояро манъ намуда, дар саҳифаи интернетии сафораташ навиштааст, ки афроди шарик дар чунин амал ба табаҳкории маъмуриву қонунӣ роҳ медиҳанд.

"ҲАМЛИ КИРОЯ МАВЗӮИ ПИНҲОН НЕСТ"

Серҳей Антонов, раиси Маркази ҳуқуқи тиббии шаҳри Киев мегӯяд, онҳо ба падарону модароне, ки мехоҳанд кӯдакони ояндаашонро занони украинӣ ба дунё оранд, кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд. Ба қавли Антонов, соли гузашта расман 120 кӯдак тариқи ҳамли кироя ба дунё омад, ки асосан дугонику сегоник будаанд. Ӯ меафзояд, ки шояд рақами воқеии ҳамли кироя тахминан 30 дар сад бештар бошад, зеро баъзе оилаҳои ғарбӣ аз ширкатҳои нимақонунӣ истифода бурда, ҳамли кирояро пинҳон менамоянд.

Антонов илова мекунад: “Ҳамли кироя дигар мавзӯи пинҳон нест. То ҳамин авохир касе дар бораи ҳамли кироя сӯҳбат намекард ва ҳамли кироя низ мавзӯи баҳс набуд. Ҳоло фанновариҳои тиббӣ рушд мекунанду арзёбии ин масъала маъмулӣ шудаааст. Аз ин ҷост, ки барномаҳои ҳамли кироя низ таваҷҷӯҳи бештар касб намудааст. Одамоне, ки қаблан кӯдакони бегонаро фарзанд мехонданд, ҳоло имкон ёфтаанд ва мехоҳанд, ки фарзандашон ба онҳо иртиботи генетикӣ дошта бошад."

ЧАРО УКРАИНА ВА ҲИНДУСТОН?

Украина ва Ҳиндустон арзонтарин кишварҳо барои ҳамли кироя шинохта шудаанд. Агар дар Украина ҳамли кирояи кӯдак аз 10 то 15 ҳазор долларро ташкил диҳад, дар ИМА ҳамли кирояи кӯдак аз 80 то 120 ҳазор доллар қимат дорад. Людмила Смакина, раҳбари яке аз ширкатҳои миёнарав мегӯяд, ба ҳам овардани оилаҳое, ки мехоҳанд, фарзандашонро касе ҳамл намояд ва заноне, ки мехоҳанд аз ҳисоби ҳамли кӯдаки касе пуле ба даст оранд, осон нест.

Смакина меафзояд, ки баъзан мардуми ғарбӣ тавассути интернет аз кӯмаки ширкатҳое кор мегиранд, ки фаъолияташон зиёд шаффоф нест ва мушкилӣ ҳам асосан бо онҳо зуҳур менамояд. Ин гуна ширкатҳо баъзан занонро фиреб дода, бар ивази ҳамли кӯдак ба онҳо чизе намедиҳанд ва аз сӯи дигар, сафоратҳоро огаҳ намекунанд, ки шаҳрванди онҳо интизори фарзанд аст. Мушкилӣ Ле Рок ҳам ба ваҷҳи умум истифода аз ширкате будааст, ки дар бораи паҳлӯҳои қонунии ҳамли кироя зиёд фикр накардааст, вале ин фаронсавӣ ба ҳар ҳол аз он хурсанд аст, ки соҳиби ду духтар шудааст.
XS
SM
MD
LG