Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба модаронатон чӣ кардед, ки дашномашон медиҳед?


Cафаргул Олимӣ
Cафаргул Олимӣ

Охири ҳафтаи аввали моҳи май буду ҷашни 66-умин солгарди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ.

Аз боғи перостаи устод Рӯдакӣ мегузаштам ва аз радиои боғ таронаи ватанхоҳонае пахш мешуд.

Бахши аъзами мардуме, ки дар ин ҷо сайру гашт доштанд, ҷавонону наврасон буданд. Дар атрофи фаввораҳо як гурӯҳ навҷавонон ва духтарон руйи харак нишаставу дар миёна рӯзномаеро ба ҷои дастархон густарда ғизо мехӯрданд. Аввал садои хандоханди онҳо ва сипас ҳақоратборонашон ба андозае баланд буд, ки садои радиоро зер кард. Ва хонандаи азиз, агар заҳмати андаке кашида, он саҳнаро пеши назар орад, кори банда дар тасвираш осонтар хоҳад шуд.

Тасаввур кардед? Хеле хуб, яъне боғи гулпӯшу сартосар ороёфта. Атрофи он пур аз овезаҳо ва суханони табрикӣ ва ифтихору шукрона аз миллату сарзамин ва корномаи ҳамватанон, падарону бобоён дар роҳи мубориза бо фашизм ва пирӯзӣ бар душман. Дар мобайни боғ фаввораҳои бисёру чароғҳои пурҷило ва мардуме дар ҳоли сайру гашт.

Ин вақт тарона ба поён расиду аз радио гуфторе ба гӯш омад. Гӯяндаи радио: «Мардум ва сарзамини куҳанбунёди мо бо фарҳангу маърифати баланди оламгир, ки бузургонеро чун устод Рудакиву устод Айниву Турсунзода ва садҳо дигар родмардонро ба олам додааст, дар ин ҷанги хонумонсӯз дар қатори ҳазорони дигар ширкат кардаву бо фашизм муборизаи беамон бурдаву чандин нафар ба гирифтани номи пуршарафи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ шарафёб гаштаанд. Зинда бод номи ин фарзандони шуҷои ватан!»

Ин гуфтор бо садоҳое аз ҳалқаи ҷавонон омзиш меёбад:
-- Э кай ту мара гуфтӣ, ки шашлик биёр? Э очаҳаки ҷонта ...
-- Бахудо ду бор гуфтумта, кар бошӣ, хай бугуки карум.
-- Э зорта хар ..., кай гуфтӣ? Хай ма карум, ҳами духтаро ҳам кар будан. Духтаро, шумо шуниден, ки ҳами сағира мара гуфта боша, ки шашлик биёр?

Садои гӯяндаи радио: «Инак 66 сол аст, ки ветеранҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои худро дар он майдони набард ба чандин наслҳои кишварамон ҳикоят мекунанд ва дар онҳо рӯҳияи ватанадӯстиву худшиносӣ ва эҳтиром ба ватан ва модарро бедор месозанд.»

Дар ҳалқаи ҷавонон яке латифаеро нақл мекунаду дигарон механданд ва...
--Э рута сиёҳ кардӣ, ки ай пеши худут бофтӣ ҳами аникдода.
--Очаи дуруғчира ..., ки дар як газит хонда будум.
--Очағаре бошум, ки ту сағера газит бхонӣ, як бор дафтари лексияра намехониву газит мехонӣ?
--Очаи дуруғгура ... ки як газита Миллатуш меган чизуш меган, ҳамуҷа хонда будуму хай, рости гап ҳақоратоша ай худум илова кардум.»

Дуртар аз ҳалқаи ҷавонон чанд зану марди калонсолу миёнсол нишастаанд ва хоҳ-нохоҳ сӯҳбати онҳоро мешуниданду дилтангона яке аз онҳо дигар ҷилави таҳаммулро аз даст дода гуфт:
-- Айб нест бачаҳо, дар пешатон ин қадар духтарҳо шиштаанд. Аз мо шарм надоред, аз ҳамин духтарҳо шарм доред охир. Дар ҳар калимаатон ҳақорат. Ҳамон очаҳои бечора аз шумо як пиёла об дидаанд, ки ин қадар ҳақорат мекунедашон?

Аз ҳалқаи ҷавонон: -- Э амакӣ, и гап ҳақорати модар нест, межу словай. Дар даҳанмон и шиштай охир, чӣ кор кунем» (ҳама механданд)

Дигарӣ: -- Хай шумо гапи мора гӯш накунен, ҳо ана радиора гӯш кунен, мора чӣ гӯш мекунен. Ё гапи худтона гап занен. Кори дигар надоре, ки гапҳои мора гӯш мекунен?
-- Э шарм дорене, ҳаминҷа кӯдакҳои майда гаштестиян, ай шумо чӣ ёд мегиранд, ҳақорат?
-- Э иқа лексия кардӣ амакӣ. Ай лексияи маълимо гурехтем, дар шумо задем.

Ман дар ҷустуҷӯи посухи ин суол, ки оё ин гуна рафтор ва бадзабонӣ, гуфтори пур аз қабоҳати ҷавонону наврасони имрӯзӣ аз куҷо сарчашма гирифта бошад, чандин хиёбонҳои андешаамро тагорӯ кардам.

Манзараи дигаре пеши назар омад, ки чанде пеш шоҳид будам. Яке аз рӯзҳои ҷумъа, соат наздики 2- и рӯз. Намози ҷумъа дар яке аз масҷидҳои ҷомеъ поён ёфтаву дар баробари калонсолон ҷавонону наврасони зиёде аз ҳавлии масҷид берун омаданд:
-- Э гӯш кун Фирдавс, очаи дуруғгура ... ҳами мулло зур бдай-ҳа? Ягонташ и хел зур намедона қуръона. Овозшам зур.

Дигарӣ: -- Худо бзанам, дуруғгура очаш зануш, ки ҳами мулло хеши очаи маҳай. Бовар накунӣ биёе рафта очама мепурсем. Ҳами очаи ма-ку ай авлоди эшоноҳай худуш.

Манзараи дигар, дар рӯзи иди фитр: Чанде мардҳои миёнсол ҳалқа истода сӯҳбат мекарданд ва чанд наврасони дигар дар атрофи онҳо истода, сӯҳбати онҳоро гӯш мекарданд. Яке аз ин мардҳо, ки дасти писарчаи тақрибан шашсолаашро гирифтааст, бо дасти дигар тухми ҷӯшонидашудаеро ба тухми дасти дигарӣ мезанад ва мешиканад. Шарикаш мегӯяд:

-- Номардӣ накун, нотуғрӣ задӣ. Бояд дар нуги тухм занӣ. Ту бошӣ дар бараш задӣ, намешкана.
-- Э,созтар бин, ҳаромбоза очаша .... Чӣ дар пеши ҳамиқа одам мара ҳаромбоз гуфтестай?
-- Э хай бги, дар ... бзан, ҳами тухма, ма рафтум...

Дар гӯшаи хаёл солҳои навҷавониҳои худу ҳамсолон ба ёд меояд, ки дар солҳои шӯравӣ гузаштааст. Ва ҷаласаҳои пионерӣ ва комсомолӣ дар мактаб, ки дар охири ҳафта, баъди дарсҳо отряди пионерӣ ва маҷлисӣ комсомолӣ гузаронида мешуду рафтори нодурусти ҳар пионер ё аъзои космомол, ки дар давоми ҳафта содир кардааст, ба баррасӣ гирифта мешуд ва тибқи овоздиҳиии ҳозирон, ба ин нафарон ҷазо муайян мешуд. Қариб, ки он солҳо ҳақорати модар кардани наврасон ва ё сухани қабеҳ гуфтани касе ба гӯш мерасид.

Яке аз ҳамсинфони моро барои як ҳақорати модар, падарашро ба маҷлис даъват кардаву шармсор карданд ва галстукашро дар пеши ҳама аз гарданаш кушоданду гирифтанд. Ёдам ҳаст, ки баъди ин ҳодиса ҳамсабақи мо тамоман дигар шуд. Ва талошҳои зиёде карду баъдан бино ба рафтору хониши хубаш аз нав ба сафи пионер қабул шуд.

Ҳар сохту низом дар баробари камбудиҳо бартариҳо низ дорад. Магар бад аст, ки дар мактабҳо имрӯз нисбати рафтори чунин наврасон аз чунин усул ва ё тадобир кор гирифта шавад? Ва ё чӣ бадӣ дорад, ки дар рӯзҳои ҷумъа, уламои дин, чанд дақиқаро дар маҳзари ҷавонон ба қадру манзалати модар дар ислом ва Қуръони Маҷид ва сухани хуб дар ивази ҳарфи зишт бубахшанд?

Баъид медонам, ки ҷавони дар чунин як маҷлисе ширкаткарда ҳангоми ба забон овардани ҳақорати модар, панди ин устодон ва ё симои модари худро пеши назар наораду аз ин ҳарфи носазо забон кӯтоҳ надорад. Аммо ҳайҳот, ки чунин нест.
XS
SM
MD
LG