Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди шашрӯзаи Раҳмон аз кишварҳои аврупоӣ


Боздиди шашрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо оғоз ёфт. Бино ба хабари дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, дар ин боздид раиси ҷумҳурро ба ҷуз аз Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аъзои бахши иқтисоду саноати ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд. Интизор меравад, ки ин ҳайат аз Фаронсаву Австрия ва Маҷористону Люксембург боздид кунад. Дар барномаи боздиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин суханронии вай дар Порламони Аврупо низ пешбинӣ шудааст. Ҳадафи боздид ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва ҷалби ҳимояти Аврупо аз барномаҳои энержии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG