Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилаш мегӯяд, Ратко Младич саратон дорад


Вакили дифоъаш мегӯяд, Ратко Младич, фармондеҳи муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷанг аз Сербистон, ду сол пеш дар як бемористони Белград бемории саратонашро табобат кардааст.Милош Салйич гуфт, гузориши тиббии Ратко Младич нишон медиҳад, ӯ соли 2009 барои саратони бофтаҳояш табобат шудааст. Додситонҳои Сербистон мегӯянд, ин санадҳо сохта аст. Ратко Младичи 69-сола, ки ба ҷиноятҳои ҷанг ва ҷиноят алайҳи башарият, дар солҳои аввали суқути Югославияи собиқ муттаҳам мешавад. Ӯро баъди 16 соли фирор, ҳафтаи гузашта дар наздикии шаҳри Белград боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG