Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи Ҳола Саҳобӣ дар расми дафни падараш


Ҳола Саҳобӣ
Ҳола Саҳобӣ
Як фаъоли мухолифини Эрон дар пайи маросими дафни ҷанозаи падари низ дигарандешаш вафот кардааст.
Ҳола Саҳобии 54-сола, ки дар пайи эътирозҳои соли 2009 зиндонӣ шуда буд, имрӯз барои як рӯз ба хотири видоъ бо ҷанозаи падараш Изаттулоҳ Саҳобии 81-сола аз зиндон раҳо шуд, вале дар расми видоъ бар асари сактаи қалб аз по уфтод. Ба гуфтаи як шоҳиди айнӣ, ӯро нирӯҳои амниятӣ ҳангоми даргирӣ бо азодорон аз пой даровардаанд.
Аммо Алиризо Ҷанеҳ, як мақоми амниятӣ дар Теҳрон гуфта, ки кадом даргирие рух надодааст ва Ҳола Саҳобӣ ғолибан таҳти таъсири марги падар ва ҳавои гарм дучори сактаи қалб шудааст.
Падари ӯ Изаттуллоҳ Саҳобӣ дар гузашта вакили парлумон буд, вале аз миёнаҳои солҳои 80 ба мухолифин пайваст.
XS
SM
MD
LG