Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҷоди маҳдудият дар роҳи тадвири эътирозҳо


Душанбе дар авоили солҳои 90 шоҳиди мавҷи эътирозҳо буд
Душанбе дар авоили солҳои 90 шоҳиди мавҷи эътирозҳо буд
Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон бо илҳоқи тағйирот ба 3 қонун – қонуни баргузории гирдиҳамоиҳо, қонуни милиса ва Кодекси қонуншиканиҳои маъмурӣ –баргузории раҳпаймоиҳои эътирозиро маҳдуд ва муҷозотро барои ширкат дар эътирозҳои беиҷозат шадидтар кард.
Дар ин қавонин акнун тартиби гуруснанишинии эътирозӣ ва ҳам истифодаи нирӯҳои милиса аз тирҳои резинӣ алайҳи тазоҳургарон мушаххас мешавад.
Бар асоси ин тағйирот, ширкаткунандагони фаъоли эътирозҳои беиҷозат ба маблағи муодили аз 15 то 20 маоши ҳадди ақал муҷозот хоҳанд шуд. Ҷазои ширкат дар чунин тазоҳурот барои ходимони давлатӣ боз ҳам шадидтар аст.
Эҷоди маҳдудиятҳои ҷадид дар роҳи баргузории раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Тоҷикистон дар пасманзари эътирозҳои ахири ҷаҳони Араб сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG