Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Ҳамла болои хонаи афғонҳоро хотима диҳед."


Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомиди Карзай ҳушдор додааст, ки нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО ҳақ надоранд, аснои таъқиби ошӯбгарон болои хонаҳои мардуми осоиштаи афғон ҳамла раҳандозӣ намоянд.

Нишасти матбуотии раҳбари афғон дар ҳоле доир шудааст, ки рӯзи якшанбе бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО болои як хона дар вилояти Ҳилманд камаш 9 фарди осоишта ҳалокат расиданд.
Карзай дар ҳақиқат гуфт, ки агар НАТО ҳамлаҳояш болои хонаҳои афғонҳоро хотима набахшад, эҳтимол аз сӯи афғонҳо ҳамчун нерӯи ишғолгар шинохта шавад...


Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар минтақаи Наврӯзи вилояти Ҳилманд ба хотири куштори мардуми осоишта маъзарат хост, вале ёдовар шуд, ки фармони ҳамлаи ҳавоӣ болои муҷтамаъ аз он сабаб содир шуд, ки ошӯбгарон дар дохили он паноҳ ёфта буданд.

Вале дар наворе, ки телевизиони афғон намоиш дод, ҷасади кӯдакону наврасон ба назар мерасиданд. Президенти Афғонистон бо лаҳни шадид тақозо кард, ки ҳамла болои хонаҳои афғонҳо хотима ёбад.

Ҳомиди Карзай бо лаҳни пурғазаб изҳор намуд, ки ӯ мехост масъаларо бо фармондеҳони НАТО матраҳ намояд, вале ба ӯ гуфтаанд, ки фармондеҳон ҳоло дар Кобул ҳузур надоранд ва то охири ҳафта имкони мулоқот бо раҳбари афғонро надоранд.

Ҳомиди Карзай ҳангоми нишасти хабарӣ дар Кобул, 31-уми майи соли 2011
Раисиҷумҳури Афғонистон афзуд: "Онҳо бояд ҳамлаҳо ба хонаҳои афғонҳоро хотима бахшанд. Ман ин паёмро ба онҳо мерасонам. Мехостам имрӯз бо раҳбарони НАТО дар Афғонистон вохӯрам, вале онҳо дар Кобул ҳузур надоштаанд. Дар мулоқот, ки эҳтимол рӯзи якшанбе доир мешавад, ман ақидаамонро ба онҳо ошкор мекунам."

Омори Созмони Милали Муттаҳид аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ошӯбгарон сабабгори асосии талафоти мардуми осоиштаи афғон ҳастанд ва аслан аз чор се ҳиссаи талафоти мардуми осоишта дар Афғонистон аз он сабаб аст, ки ошӯбгарон дар миёни мардуми мулкӣ паноҳгоҳ меҷӯянд.

Фармондеҳони НАТО ҳамлаҳои ҳавоӣ ва амалиёти шабонаро василаи муассир дар муқобили ошӯбгарон арзёбӣ мекунанд, вале талафоти мардуми осоишта боис ба баҳсҳои оташин бо мақомоти афғон шудааст.

Чархболҳои низомии нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон
Рӯзи сешанбе, 31-уми май, раҳбари афғон шикоят кард, ки баъзан нерӯҳои НАТО на чун муттафиқи ҳукумати афғон, балки ба мисли таҷовузгар амал мекунанд ва чунин таҷриба бояд хотима ёбад.

Шореҳи маҷаллаи интернетии "Глобал Пост", Ҷоан Маккензӣ, ки дар нишасти Карзай дар Кобул ҳузур дошт мегӯяд: "Карзай дар ҳақиқат гуфт, ки агар НАТО ҳамлаҳояш болои хонаҳои афғонҳоро хотима набахшад, эҳтимол аз сӯи афғонҳо ҳамчун нерӯи ишғолгар шинохта шавад. Сипас ӯ лаҳзае хомӯш монду ёдовар шуд, ки дар таърих афғонҳо муомилаашон бо ишғолгаронро нишон додаанд. Ин метавонад таҳдиди мустақим бошад. Ӯ дар бораи муқовимати рӯирости мардуми афғон ба ҳузури нерӯҳои ISAF ишора мекунад. Ин изҳороти ҷиддӣ мебошад. Ҳарчанд ки Карзай васила барои иҷрои ин таҳдидро дар ихтиёр надорад, зеро ӯ худаш қабл аз ҳама аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ ҳимоят мешавад."

Коршиносон дар бораи аксуламали НАТО ба ин паёми Карзай назари гуногун доранд, вале меафзоянд, ки НАТО ва раҳбари афғон бояд роҳи ҳалле аз ин бӯҳрон пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG