Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шаҳри зери дасти норозиён дар Яман


Сокинони шаҳраки Зинҷибар дар ҷануби Яман мегӯянд, дар ҳоле ки шаҳрак зери тасарруфи ситезаҷӯёни исломӣ даромадааст, ҳавопаймоҳои давлат онро шадидан бомбаборон мекунанд. Шоҳидони хабар додаанд, ки садҳо ситезаюӯи исломӣ рӯзи ҷумъа ба ин шаҳр ҳамла карданд ва даргириҳо то имрӯз идома кардаанд. Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки тазоҳуроти густарда бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Яман, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пас аз 30 соли ҳокимият дар ин кишвар идома меёбад. Дирӯз дар ҳамлаи нерӯҳои давлат ба урдугоҳи мухолифон дар Тайис, дувумин шаҳри калонтарини Яман, 20 мӯътариз кушта шудаанд. Тайис аз оғози нооромиҳои Яман дар чаҳор моҳ пеш аз марказҳо ошӯб ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG