Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

31-уми май -- Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку


Созмони Милали Муттаҳид 31-уми майро Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку эълон кардааст.

Зиёда аз чаҳор моҳ аст, қонуни маҳдудияти тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми иҷро даромадааст. Дар ин муддат борҳо аз муҷозоти шаҳрвандон барои нақзи ин қонун хабарр расида ва мардум тадриҷан одат мекунанд, ки дигар наметавонанд, дар ҷои дилхоҳи хеш тамоку кашанд.
Дар ин самт як пешрафти хубе ба назар расидааст, вале наметавон гуфт, он кофист...


Тарабхона ва қаҳвахонаҳо барои сигоркашон ҷойҳои махсус муайян кардаанд ва дар ҳоли сигоркашӣ дидани одамон дар кӯчаву хиёбонҳо коҳиш ёфтааст.

ЗИЁН БА ХУД ВА ДИГАРОН

Ин ташаббус таъсири тамокуро ба атрофиён коҳиш медиҳад, вале гумон аст, пеши роҳи афзоиши шумораи тамокукашонро бигирад. Дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳонае роиҷ аст, ки одамон аз мушкилоти зиндагӣ ва ғаму андӯҳ рӯй ба носу сигарет меоранд. Ин ҳам дар ҳоле ки вазъи зиндагии як бахши аъзами мардум ногувор аст ва бахши дигаре солҳои зиёдро дур аз ватану наздикон ба сар мебарад.

Аз сӯе ҳам арзонӣ ва дастрасии тамокуи қочоқӣ ва

нос дар сари ҳар қадам, бешубҳа, сафи мӯътодони тамокуро, махусан дар миёни ҷавонону наврасон бештар мекунад. Бархе аз наврасон одати нос ё сигареткаширо далели камолоти худ медонанд.

Аммо 31-уми май, Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку як имкони хубест, барои бознигарии одати тамокукашӣ ва зиёну осебҳои он. Дар ин рӯз дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тамокукашони ашаддӣ низ талош хоҳанд кард, даст ба тамоку набаранд ва як рӯзи зиндагии худро бе тамоку паси сар кунанд.

ЯК РӮЗ БЕ ТАМОКУ

Ҳадаф аз рӯзи озодӣ ин аст, ки димоғи тозаи бетамоку ва эътимод ба иродаи хештан ба тамокукашон имкон диҳад, дар пайи тарки одати хеш шаванд. Вале ин маъракаи ҳарсола, зоҳиран натиҷаҳоио назаррас надодааст. Чунки сол то сол шумораи истеъмолгарони тамоку афзоиш меёбад.

Пеши роҳи ин афзоишро на танҳо маъракаҳои густардаи таблиғотии ҳарсола, балки ба маротиб боло рафтани нархи тамоку дар ҷаҳон, коҳиши ҷиддии таблиғи тиҷоратии тамоку, нашри ҳушдорҳои шадид дар рӯи қуттиҳои сигор низ гирифта наметавонад ва шумораи тамокукашон дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад. Ҳамзамон шумораи қурбониёни он низ бештару бештар мешавад.

100 МИЛЛИОН КУШТА

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, имсол аз бемориҳое, ки тамокукашӣ ба бор меорад, 5 миллион нафар ба ҳалокат хоҳанд расид ва агар тамоку дар садаи 20 зиёда аз 100 миллион нафарро кушта бошад, дар садаи 21 он мумкин аст, 1 миллиард нафарро ба ҳалокат расонад.

Бино бар ин Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тарҳи Қатъномаи назорат бар тамокуро омода карда ва аз кишварҳои ҷаҳон мехоҳад, ба он шарик шаванд.

Доктори Дуглас Бетчер, мудири Ташаббуси озодӣ аз тамокуи ин созмон мегӯяд, то ҳол 170 кишвари ҷаҳон ба ин Қатънома пайвастанд ва аксари онҳо дар роҳи маҳдуд кардани истеъмоли тамоку иқдом ниҳодаанд: «Албатта, фақат мушоракат дар ин барнома кофӣ нест, кишварҳо бояд ҳамчунин худ даст ба амъоле зананд, ки ба иҷрои ин барнома муосидат мекунад. Дар ин самт як пешрафти хубе ба назар расидааст, вале наметавон гуфт, он кофист.»

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз кишварҳои узви Созмони Милал хостааст, бо саноат ва тиҷорати тамоку бархӯрди қатъӣ дошта бошанд, онҳоро, ки ташнаи даромади бештару бештаранд, маҳдуд намоянд ва муносибаташон бо ин ширкатҳо шаффоф бошад.

ҲАМЛАҲОИ ҚАВИТАР

Бисёре аз кишварҳо барои ворид кардани сигор боҷу пардохтҳои баланд муқаррар кардаанд. Барои намуна, дар бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зимни чунин пардохтҳо нархи як қуттӣ сигор то 17 доллар мерасад. Дар бисёре аз мамолики ҷаҳон таблиғи тамоку мамнӯъст. Ин тасмим ба таблиғи пӯшида ва ғайримустақим низ рабт мегирад. Аз ҷумла дар телевизион ё синемо намоиш додани тамокукашие, ки ҳаваси касро меорад, манъ аст.

Дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку ҳукумати Австралия, ки аксари ин чораҳоро роҳандозӣ кардааст, қадами қавитаре ба пеш гузошт. Он аз ширкатҳои тавлиди сигор талаб кард, маҳсулоти худро дар қуттиҳои якранг ва бидуни тасвирҳои дилкаш ба бозор бароранд.

Қуттиҳо бояд ба ранги сабзи хира буда, ба ҷуз аз ҳушдори беҳдоштӣ ва акси таъсири тамоку ба аъзои бадани инсон чизи дигаре надошта бошанд.

Ширкатҳои тавлиди тамоку аз ин талаби ҳукумати Австралия эътироз кардаанд, аммо ба эҳтимоли қавӣ бо ҳимояти ҷомеаи байнулмилал Австралия ини ширкатҳоро ба иҷрои он маҷбур хоҳад кард.

ШУМО ЧӢ ХОҲЕД КАРД?

Аммо аз мову Шумо чӣ иқдоме сохта хоҳад буд? Мо метавонем, хурдсолонро аз таъсири марговари тамоку ҳушдор диҳем ва онҳоро мутақоид гардонем.

Метавонем, нагузорем, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ касе сигор даргиронад ва дуди онро дигарон нафас кашанд. Ё нос туф кунад ва кӯчаҳоро ифлос намояд.

Агар тамокукаш ҳастем, бояд ин одати бадро тарк кунем. Ақаллан, дар ҳамин як Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку. Шумо ба ин омодаед? Ва аслан дар ин бора чӣ андеша доред?

Оғози иҷрои қонуни зидди тамокукашӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00
XS
SM
MD
LG