Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчиёни афғон дар Шӯрообод чорпоёнро рабуданд


Қочоқбарони афғон беш аз 80 сар чорпои ҷамъиятиро аз ноҳияи Шӯрообод ба яғмо бурдаанд.

Чорпоёни рабудашуда ба хоҷагии Лангариеви ҷамоати Шӯрообод тааллуқ доштаанд, ки шаби 29 ба 30-уми май дуздида шудаанд.

Дилбар Саъдуллоева, раиси ҷамоати Шӯроободи ин ноҳия мегӯяд, ҳамроҳи чорпоён як чӯпони хоҷагиро низ коҷоқчиён ба гарав гирифта буданд, вале ҳангоми убури рӯдхонаи Панҷ ба сӯӣ Афғонистон, ӯро дар хоки Тоҷикистон раҳо кардаанд.

Хонум Саъдуллоева мегӯяд: «Чорпоёни давлатиро аз хоҷагии ба номи Лангариев афғонҳо бурдаанд. Телефонӣ бо раиси ин хоҷагӣ сӯҳбат доштам, гуфт, ки чӯпонро то лаби дарё бурда ҷавоб додаанд.»

МАҚОМОТ ТАҲҚИҚ МЕКУНАНД

Дар ҳамин ҳол, Ғиёсиддин Умаров, додситони ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, намояндагони ҳамаи мақомоти интизомӣ бо таъсиси як комиссияи вижа, ин масъаларо таҳқиқ мекунанд.

Ҷаноби Умаров гуфт: «Ҳоло ҳам амнияту ҳам сарҳадоту милиса ва дигар мақомот ба ҷои ҳодиса рафтаанд. Гурӯҳи фаврӣ то ҳол аз он ҷо барнагаштааст. То онҳо барнагарданд, ҳеҷ чиз маълум нест.»

СЕ СОКИНИ НОҲИЯ ДАР ГАРАВИ ҚОЧОҚБАРОН

Ҳодисаи рабуда шудани чорпоён дар ҳоле сурат мегирад, ки ба гуфтаи масъулин, ҳамакнун ду тан ва ба гуфтаи сокинон се тан аз сокинони Шӯрообод дар гарави қочоқчиёни афғон ҳастанд. Бозор Бобоев, бародари Мирзо Бобоев, ки ду ҳафта пеш аз ҷониби қочоқчиён ба гарав бурда шуда буд, мегӯяд, бар ивази раҳоии бародараш қочоқчиён 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб доранд.

Ӯ мегӯяд, бародараш дар як хоҷагии наздимарзӣ ҳамчун тракторчӣ фаъолият дошт, вале бидуни ҳеҷ сабабе ё шояд ба хотири дарёфти маблағ ӯро гаравгон гирифтаанд. Ба гуфтаи Бозор, қочоқчиён занг зада, ҳар рӯз раҳоии бародарашро ваъда мекунанд, вале ҳеҷ нест, ки ин кор амалӣ гардад.
Ӯ мегӯяд, имрӯз низ чун рӯзҳои пеш раҳоии бародарашро ваъда кардаанд.

ШИКОРЧИЁНРО МУСАЛЛАҲ КУНАНД…

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, тайи 5 соли ахир рабуда шудани чорпоёни сокинон зиёд ба мушоҳида намерасид ва ин ҳодисаи шаби гузашта ҳам ғайриинтизор будааст. Аз ҳама беш сокинон дар солҳои 1996 то 2005, замоне, ки русҳо умури марзбониро дар даст доштанд, чорпоёни худро аз даст дода буданд.

Ба гуфтаи сокинон, дар ин замон ҳазорҳо чорпоёни ҷамъиятӣ ва хусусии сокинон ба он сӯи марз бурда шуда буданд, ки ҳатто марзбонони рус пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонистанд. Шӯҳрат Набиев, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, роҳи ҳалли пешгириии марзшиканӣ, дар ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи муҳофизакор аз ҳисоби сокинони маҳаллист. Ӯ мегӯяд, сокинони он сӯи марз сар то по мусаллаҳанд, вале мақомот ҳатто яроқҳои шикории сокинонро кашида гирифтаанд.

Вай мутмаин аст, ки дар сурати мусаллаҳсозии дастаҳои хурд дар навоҳии марзӣ, имкони пешгирии марзшиканӣ вуҷуд дорад. «Моро ақаллан мусаллаҳ кунанд ё ҳамон камонҳоро нагиранд. Инҳо шабона меоянд ва мусаллаҳ. Сокинон ҳатто камон надоранд. Агар ҳамин шикорчиёнро мусаллаҳ кунанд, дараки қочоқчиёнро меёбанд. То сарҳадбонон шабона ба деҳа мерасанд, ки қочоқчиён ҳама чизи мардуми бесилоҳро кашида мебаранд.»

ЗАМОНИ РУСҲО ВАЗЪ АЗ ИН БЕҲ НАБУД...


Зафар Ҷалилов, як сокини дигари ин ноҳия мегӯяд, аввалин дуздии чорпоёни сокинон аз ҷониби қочоқчиён ё дастаҳои мусаллаҳи аз он ҷониби марз омада, дар соли 1994 ба вуқӯъ пайваста буд, ки он замон беш аз ду ҳазор сар моли майдаро ҳамроҳи чӯпонаш ба он тарафи марз бурда буданд.

Ӯ мегӯяд: «Он вақт, русҳо дар марз буданд, вале пеши ин корро нагирифтанд. Дар ҳоле, ки онҳо чархболу ҳама муҳимотро доштанд. Дар вақти онҳо қариб, ки моли ҷамъиятиву давлатӣ намонда буд. Ҳар рӯз марзшиканӣ буд. Чанд сол буд, вазъ хубтар шуда буд, вале имсол боз ҳамон ҳодисаҳо такрор шуда истодаанд. Худо акнун вазъро беҳтар кунад.»

Тайи 15 соли ахир ҳазорон сар чорпоёни сокинон аз ин сӯи марз ба он сӯ бурда шудаанд, вале то кунун ягон сари онҳо баргардонида нашудааст. Дар даҳ соли пеш барои баргардонии чорпоёни сокинон ҳатто музокироти марзбонони рус бо марзбонони афғон натиҷа надода буд.
XS
SM
MD
LG