Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар «Степной орел-2011» ширкат мекунад


Имсол Тоҷикистон дар машқҳои низомии «Степной орел-2011» ё “Уқоби биёбонӣ-2011”, ки аз соли 2003 ба ин сӯ дар Қазоқистон баргузор мешавад, бори нахуст ширкат хоҳад кард. Бино ба хабари дафтари матбуотии вазорати дифои Тоҷикистон, ин машқҳо барои моҳи августи соли ҷорӣ барномарезӣ шудааст. Дар он низомиёни Қазоқистону Амрико, Британияву Қирғизистон ва Литваву Тоҷикистон ширкат мекунанд. Низомиён пайдо ва хунсо кардани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро тамрин мекунанд. Ҳадафи машқҳо ҳамоҳанг кардани фаъолияти воҳидҳои низомии кишварҳои мухталиф арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG