Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон аз нерӯгоҳҳои ҳастаияш даст мекашад


Эътилофи марказу ростгарои Олмон эълон кардааст, ки то соли 2022 ҳамаи нерӯгоҳҳои ҳастаии ин кишварро хоҳад баст. Ин тасмим ба дунболи раҳпаймоии густардаи шаҳрвандон дар партави фоҷиаи Ҷопон ва тахриби нерӯгоҳи Фукушимо аз зарбаи сунамӣ гирифта шудааст. Ба ин тартиб, Олмон ба нахустин кишвари саноатии ҷаҳон табдил меёбад, ки аз истифодаи нерӯи ҳастаӣ даст мекашад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон машварат медиҳанд, ба ҷои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кӯмаки Русия ва Иттиҳоди Аврупо як нерӯгоҳи бузурги ҳастаӣ бисозанд, то ниёзи онҳо ба нерӯи барқ бароварда шавад.
XS
SM
MD
LG