Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Барак Обама аз Аврупо хотима меёбад


Барак Обама дар нишасти гурӯҳи Ҷи-8 дар шаҳри Дювели Фаронса
Барак Обама дар нишасти гурӯҳи Ҷи-8 дар шаҳри Дювели Фаронса
Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико силсила боздидаш аз Аврупоро баъди мулоқот бо раҳбарони Лаҳистон дар шаҳри Варшава хотима медиҳад. Ӯ бо Бронислав Коморовский, раиси ҷумҳур имрӯз гуфтӯгу дорад ва масоили амниятӣ ва демократияро баррасӣ мекунад. Мустақар кардани чанде аз ҳавопаймоҳои ҷангии Ф 16-и Амрико дар як пойгоҳи низомии Лаҳистон ва нақши эҳтимолии он дар истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупо низ баррасӣ мешавад. Таъмини Лаҳистон бо сӯхт масъалаи дигари мавриди баҳс будааст, ки ба гуфтаи пажӯҳишгарони Амрико захираи газе дорад, ки шояд барои 300 соли оянда кофӣ бошад. Барак Обама, зимни сафари шашрӯза, ба Ирландия, Бритониё ва Фаронса сафар кард ва имрӯз ба Вашингтон бармегардад.
XS
SM
MD
LG