Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ ва Аҳмадинажод. Густариши рақобат.


Бино бар хабарҳо, рақобати раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, бо раҳбари олии ин кишвар шиддат мегирад.

Дар як мусоҳиба бо Ваҳид Пурустод, таҳлилгари умури Эрон дар радиои Озодӣ аз ӯ пурсидем рақобатҳои миёни раҳбар ва раиси ҷумҳур аз куҷо сарчашма мегирад?

Ваҳид Пурустод: "Ихтилофоти байни ҷаноби Хоманаӣ ба унвони раҳбари Эрон ва ҷаноби Аҳмадинажод ба унвони раиси ҷумҳур тақрибан аз як моҳ ба ин сӯ баъд аз истеъфои вазири иттилоот ва барқарории дубораи он аз сӯи ҷаноби Хоманаӣ ташдид ёфтааст. Ҷаноби Аҳмадинажод, раиси ҷумҳур бо ин истеъфо мувофиқат кард, аммо ҷаноби Хоманаӣ ин истеъфоро қабул накард ва дубора вазири иттилоотро маҷбур кард дар сари кори худаш боқӣ бимонад. Ин моҷаро сабаб шуд, ки ҷаноби Аҳмадинажод 11 рӯз дар кори худ ҳузур пайдо накунад ва ба дафтари худ ҳам наояд. Ин амр мӯҷиб шуд, ки ихтилофот амиқтар шавад ва ҳомиёни ҷаноби Хоманаӣ ба ҷаноби Аҳмадинажод бигӯянд, ки ин носипосист."

Суол: “Носипосӣ” ба кадом маъно?

Ваҳид Пурустод: "Шояд ба сурати сареъ эълон накарданд, ки носипосӣ ба маънои мутлақаш сурат гирифтааст, аммо аз ҳарфҳои ҳомиёни ҷаноби Хоманаӣ чунин бармеояд, зеро ҷаноби Аҳмадинажод раиси ҷумҳуре буд, ки дар тӯли солҳои гузашта бо ҳимояти мустақим ва ғайримустақими ҷаноби Хоманаӣ бар сари қудрат омадааст. Монанди давраҳои гузашта набуд, ки ҷаноби Ҳошими Рафсанҷонӣ ё ҷаноби Муҳаммади Хотамӣ раиси ҷумҳур шуданд. Шояд ба хотири ҳамин буд, ки интихоботи ду соли пеши Эрон мавҷи эътирозҳоро дар пай дошт ва мувҷиб шуд, ки теъдоде кушта шаванд, теъдоди бисёр зиёде боздошт шаванд ва ҳатто то ҳол ҳам дар боздошт ҳастанд. Мӯътаризон мегуфтанд, Аҳмадинажод раиси ҷумҳури воқеӣ нест. Вай бо тақаллуб ба сари кор омадааст."

Суол: Ба назари шумо, сабаб ҳамин набуд, ки ҷаноби Хоманаӣ ба хотири дифоъ аз ҷаноби Аҳмадинажод баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эътироф кард, ки дастури саркӯбии тазоҳуроти эътирозиро дода буд?

Ваҳид Пурустод: "Бале, бале. Ҳамин буд, ки ҷаноби Хоманаӣ бо тамоми қад пушти сари ҷаноби Аҳмадинажод истод ва эълон кард, ки эшон раиси ҷумҳури қонунист, бо вуҷуди он ки садҳо ҳазор нафар дар Эрон мухолифи ин амр ҳастанд.

Суол: Ҳоло ин моюҷароҳо на танҳо миёни ҷаноби Хоманаӣ ва Аҳмадинажод аст, балки дар ин ихтилофот ҷаноби Лориҷонӣ-раиси Маҷлис ё порламон ҳам даргир аст. Фикр мекунед, ки ин моҷароҳо доманаи густардатаре мегирад ва сеҷониба аст?

Ваҳид Пурустод: "Ман фикр мекунам, ки ихтилофот дар Эрон фақат байни ҷаноби Аҳмадинажоду Хоманаӣ нест. Бале, абъоди ин ихтилофот дар тамомии сутуҳи сиёсии Эрон густарда шудааст. Аз ҷумла, дар Маҷлиси шӯрои исломӣ ё порламон, ки ба ҳар ҳол гурӯҳе аз мунтақидони ҷаноби Аҳмадинажод ҳам гирд омадаанд, ки бештар тамоюл бо ҷаноби Лориҷонӣ ё мансуб ба раҳбарӣ ҳастанд. Ин сабаб шудааст, ки ихтилофот ташдид шавад ҳатто дар бархе маворид дар ҳафтаҳои гузашта шунида мешуд, ки агар ин масоил ҳамчунин тул кашад ва ҷаноби Аҳмадинажод ҳимояти худашро ва вилоятпазирии худашро аз ҷаноби Хоманаӣ эълон накунад, мо баҳси тарҳи адами кифояти сиёсии эшонро матраҳ мекунем."

Суол: Пас таҳлилгарон чӣ мегӯянд? Ин моҷароҳо то ба куҷо хоҳад расид?

Ваҳид Пурустод: "Эҳсоси мо ин аст, ки ихтилофоти сиёсӣ дар Эрон байни ҷаноби Аҳмадинажод ва гурӯҳаш бо гурӯҳи ҳомии ҷаноби Хоманаӣ то ду соли дигар, ки ҷаноби Аҳмадинажод метавонад дар раёсати ҷумҳурӣ бимонад, ташдид хоҳад шуд. Ба вижа, мо интихоботи Маҷлисро дар Эрон то 7-8 моҳи дигар дар пеш дорем. Ин сабаби ташиди мешавад, чун ҷаноби Аҳмадинажод дар паи он аст, ки Маҷлиси ояндаро аз они худаш букунад. Ин кашмакашҳо дар оянда дар Ҷумҳурии Исломӣ шиддат мегиранд."
XS
SM
MD
LG