Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 сарбози НАТО ва ҷанг дар шарқи Афғонистон


Раиси вилояти Нуристони Афғонистон мегӯяд, Толибон бинои ҳукумати маҳаллии ноҳияи Дуоб ва ними қаламрави ин воҳиди маъмурии дурдасту кӯҳистониро ба тасарруфи худ даровардаанд. Ҷамолуддин Бадр афзуд, ҷангҳо дар ин минтақаи ҳаммарз бо Покистон ҳафтаҳо ба ин сӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ кадом аз ҷузвутомҳои давлат ё НАТО дар вилояти Нуристон мустақар нест. Дар ҳамин ҳол намояндаи НАТО дар Афғонистон хабар дод, ки аз инфиҷори як бомбаи сарироҳӣ дар шимоли Афғонистон ду сарбози НАТО кушта шудаанд. Аз оғози сол то ҳоло дар Афғонистон 190 сарбози хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд. Ҳоло дар Афғонистон 140 000 сарбози хориҷӣ мустақар аст.
XS
SM
MD
LG