Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: "Бӯҳрони Афғонистон ҳалли низомӣ надорад"


Сармуншии паймони НАТО мегӯяд, ки бӯҳрони Афғонистон аз тариқи низомӣ ҳал намешавад.

Ӯ аз мухолифини давлати Афғонистон хост то аз хушунат даст бикашанд ва бар ҷараёни сулҳ ҳамроҳ шаванд.

Андерс Фог Расмуссен баъд аз мулоқот бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар нишасти хабарии муштарак гуфт, агар Толибони мусаллаҳ ба ин фикр ҳастанд, ки метавонанд аз тариқи хушунат пирӯзӣ ба даст оваранд, дар он сурат танҳо шоҳиди нокомии худ хоҳанд буд: «Паёми ман ба душманони Афғонистон возеҳ аст. Агар шумо роҳи хушунатро идома бидиҳед, ҳаргиз ба пирӯзӣ нахоҳед расид. Замони он расидааст, ки роҳи сулҳро пайгирӣ намоед.»

Сармуншии НАТО таъкид кардааст, ки ягона роҳи ҳалли бӯҳрони Афғонистон, мусолиҳаи сиёсӣ мебошад ва имрӯз барои Толибон ин фурсат муяссар шудааст, ки аслиҳаи худро ба замин бигузоранд.

Оқои Расмуссен афзуд, раванди ҷалби мухолифон дар ин авохир сареътар шуда ва ба гуфтаи ӯ дар чанд моҳи ахир беш аз 1700 тан аз афроди мусаллаҳи мухолиф ба ҷараёни сулҳ пайвастаанд, аз ҷумла як бар сеи онҳо дар як ҳафтаи гузашта.

Сармуншии НАТО изҳор дошт, ки омодагӣ барои интиқоли масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон ҳам ба хубӣ пеш меравад ва ин барнома тибқи нақша дар манотиқи таъйиншуда, амалӣ хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ҳам бори дигар аз мухолифини мусаллаҳ хостааст, ки аз тахриби кишвар ва куштани ҳамватанони худ даст бикашанд ва ба зиндагии оддӣ баргарданд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ишора ба кушта шудани раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин дар наздикии Исломобод гуфтааст, Толибон бояд аз кушта шудани ӯ панд бигиранд.

Сармуншии НАТО ва раҳбари Афғонистон ҳар ду ба ин мавзӯъ таъкид карданд, ки терроризм барои минтақа ва ҷаҳон таҳдид мебошад ва аз Покистон тақозо кардаанд, ки дар мубориза бар зидди терроризм бо садоқат амал кунад.
XS
SM
MD
LG