Бар асари ин ҳамла, дастикам 10 низомиӣ кушта ва то 15 тани дигар захмӣ шудааанд.
"ПОКИСТОН ДАР ҲОЛИ ҶАНГ ҚАРОР ДОРАД"
Ин дуввумин ҳамлаи бузурги Толибон ба таъсисоти низомии Покистон тайи 3 ҳафтаи гузашта аз қатли раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин бо дасти нирӯҳои вижаи Амрикост ва суолҳоеро пиромуни тавонмандиҳои нирӯҳои низомии Покистон ба вуҷуд овардааст.
Шумори ҳамлагаронро қаблан то 20 нафар мегуфтанд ва ҳам гуфта мешуд,
ки онҳо аз 3 самт ба ин пойгоҳ ҳамла кардаанд. Аммо вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик баъдан гуфт, ба пойгоҳи Меҳрон аз 4 то 6 чирикии мусаллаҳ бо хумпораву норинҷак ва силоҳҳои худкор ҳамла кардаанд. Ӯ гуфт, чирикиҳо шаби якшанбе дар зери пардаи торикӣ ба деворҳои пойгоҳ зина монда, худро даруни ин таъсисоти артиши баҳрии Покистон гирифтанд.
Малик Раҳмон гуфт, ду тан аз ҳамлагарон дар ҷараёни задухӯрд кушта шуда, якеи дигар худро тарконд ва бовар меравад, ки ҷасади ҷангии чорум дар зери овор монда бошад. Раҳмон Малик афзуд, 2 ҳамлагари дигар зоҳиран тавонистаанд аз пойгоҳи Меҳрон фирор кунанд: “ Ин як мавриди амали террористӣ алайҳи Покистон аст. Толибон ва Ал-Қоида ҳам қаблан эълон карда буданд, ки таъсисоти низомӣ ва, албатта, нирӯҳои мусаллаҳи Покистонро ҳадафи ҳамалот қарор хоҳанд ва ин иқдоми аввали онҳо буд. Ба ин далел мегӯям, ки Покистон дар ҳоли ҷанг қарор дорад.”
ҲАДАФ ЧӢ ВА КӢ БУД?
Ҳамлагарон дастикам 2 ҳавопаймои дидбонии мустақар дар ин пойгоҳ, бо шумули ҳавопаймои қиматаш чандинмиллиондолларии РС-3-Orion-ро, ки Амрико ахиран ба Покистон дода буд, тахриб кардаанд. Раҳмон Малик
гуфт, 17 хориҷӣ, бо шумули 11 муҳандиси чиноӣ ва 6 корманди қарордодии амрикоиеро, ки дар пойгоҳи Меҳрон кор мекарданд, ба муҷарради шурӯъи ҳамла берун кашидаанд.
Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ҳамлаи Меҳронро ба дӯш гирифта, гуфтааст, ба хотири гирифтани интиқоми Усома бин Лодин даст ба ин иқдом задааст.
ТАҲДИДҲОИ АМНИЯТӢ ДАР ПОКИСТОН
Ҳамла ба пойгоҳи Меҳрон яке аз бузургтарин шикастҳо дар амри таъмини амнияти таъсисоти низомии Покистон арзёбӣ мешавад. Ин дуввумин ҳамлаи бузург алайҳи қисмҳои низомии ин кишвар тайи 3 ҳафтаи гузашта аз қатли раҳбари Ал-Қоида аст. Рӯзи 13-уми май ду маргталаб худро дар назди дарвозаи пойгоҳи пулиси шибҳинизомӣ дар минтақаи Чорсада, дар шимолуғарби Покистон тарконданд, ки дар натиҷа 80 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуданд.
Ин ҳамалот вақте анҷом шуданд, ки дар пайи таҳдидҳои ҷангиён барои гирифтани қасоси бин Лодин, нирӯҳои амниятии Покистон ба ҳолати омодабош оварда шудаанд. Чунин сурати ҳол суолҳоеро пиромуни босалоҳиятии ин нирӯҳо халқ кардааст.
Аднон Афсар, як сокини Карочӣ, ки дар ҳошияи пойгоҳи Меҳрон ба сар мебарад, гуфт: “Бубинед, дар ин давру бар чӣ қадар тадбирҳои амниятӣ рӯи даст гирифтаанд. Ягон одами оддӣ вориди он шуда наметавонад. Пас ин афрод чӣ гуна ворид шуданд? Яъне нирӯҳои амниятии мо салоҳият надоранд. Ин яқинан нокомии нирӯҳои амниятист.”
САРУСАДОҲОИ ҚАТЛИ МУЛЛО УМАР
Дар ҳамин ҳол, сухангӯёни Толибон ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Покистон хабарҳо дар бораи кушта шудани асосгузор ва раҳбари рӯҳонии ин ҷунбиш Мулло Умарро радд кардаанд.
Мулло Умари якчашма дар солҳои 90 дар Афғонистон шадидтарин давлати исломии дунёро ташкил карда буд ва то соли 2001 Усома бин Лодин ва шабакаи Ал-Қоидааш дар Афғонистон зери чатри ҳимояти давлати Мулло Умар қарор доштанд.
Дирӯз як шабакаи телевизионии Афғонистон ва хабаргузории Франс Пресс хабар доданд, ки Мулло Умар дар Покистон кушта шудааст. Аммо сухангӯи Толибони афғон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид кушта шудани Мулло Умарро “мутлақо имконнопазир” номид ва гуфт, ки ӯ феълан дар Афғонистон аст ва ба муҷоҳидин раҳбарӣ мекунад. Эҳсонуллоҳ Эҳсон, сухангӯи Толибони Покистон гуфт, Мулло Умар зинда аст ва “дар як макони амн қарор дорад.”