Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айни амалиёти қатли бин Лодин такрор хоҳад шуд?


Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

ИМА дар сурати мушаххас шудани пинҳонгоҳи сарони дигари Ал-Қоида дар Покистон, айни амалиёти қатли Усомаро анҷом хоҳад дод.

Барак Обама дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Бӣ-Бӣ-Сӣ, ки қабл аз сафараш ба Ирландияву Бритониё анҷом дод, дар посух ба суоли хабарнигор Эндрю Морр, ки агар макони кадоме аз раҳбарони аршади Ал-Қоида ё раҳбари Толибон Мулло Умар дар ҳудуди
Мақомоти Покистон ба навбаи худ амалиёти ғафлатгири нерӯҳои Амрико дар хоки кишвари худро нақзи истиқлоли Покистон арзёбӣ мекунанд ва генералҳои покистонӣ таҳдид ҳам кардаанд, ки метавонанд таҳҳудоти додаи Исломобод дар набард бо террорро бознигарӣ кунанд...
Покистон ё ҳар кишвари дигар маълум шавад, чӣ хоҳад кард, гуфт, Амрико дар сурати зарурат даст ба амали якҷониба хоҳад зад.

“Кори мо ҳифзи Амрикост. Мо ба истиқлоли Покистон эҳтироми тамом қоил ҳастем. Вале мо наметавонем бидуни он, ки даст ба баъзе иқдомҳо бизанем, ба касе, ки ба таври фаъолона нақшаи куштани мардуми мо ва ё раъияти муттаҳидони моро мекашад, иҷозат бидиҳем, ки ин нақшаҳои худро ба самар бирасонад”-афзудааст ӯ.

Фарҳатуллоҳ Бобур, сухангӯи раисиҷумҳури Покистон, Осиф Алӣ Зардорӣ дар посух ба ин баёнияи Барак Обама бо ин як шарҳи кӯтоҳ иктифо кард, ки: “Моро лозим аст, то аз иқдомҳои якҷониба канора бигирем ва рӯи ҳамкорӣ дар роҳи набард алайҳи
Фарҳатулло Бобур, сухангӯи раёсати ҷумҳури Покистон

терроризм тамаркуз кунем.”

Обама дар ин гуфтугӯ ба вазъи Афғонистон низ пардохт ва гуфт, набояд интизор дошт, ки Афғонистон якбора ба Швейтсарияи орому шукуфо табдил меёбад, вале муҳим ин аст, ки ин кишвари ҷангзада дигар паноҳгоҳе амн барои терроризм нашавад.

Обама гуфт, ҳарчанд низои Афғонистонро наметавон бо роҳҳои низомӣ ҳал кард, вале афзоиши шумори нерӯҳо Толибонро дар шароити танге қарор дод, ки заминаро барои музокирот ва оштии сиёсӣ бо ҷангиёни толиб муносибтар мекунад.

Раҳбари Ал-Қоида Усома бин Лодин, нафаре, ки Амрико масъули асосии ҳамлаҳои хунини 11 сентябри соли 2001 медонист ва бештар аз ҳар каси дигар ташнаи хуни ӯ буд, рӯзи дуюми май тавассути нерӯҳои вижаи Амрико дар манзиле дар шаҳри Аббатободи Покистон кушта шуд.

ҚАТЛИ БИН ЛОДИН ВА ТАНИШҲО БАЙНИ ПОКИСТОН ВА ИМА

Қатли бин Лодин мояи таниши навбатӣ байни Вашингтон ва Исломобод шудааст. Мақомоти амрикоӣ дар пайи ин амалиёт гуфтанд, дар тӯли 5 ё 6 сол дар умқи қаламрави Покистон ва дар фосилаи ҳамагӣ чандсад метр аз Академияи низомӣ ва маҳалли зисти генералҳои мустаъфии покистонӣ паноҳ бурдани Усома бин Лодин тавонмандиҳо ва пойбандии Исломобод ба тааҳҳудоташ дар набард бо терроризмро зери шубҳа мебарад.

Охирин паноҳгоҳи Усома бин Лодин да АббАтободи Покистон
Мақомоти Покистон ба навбаи худ амалиёти ғафлатгири нерӯҳои Амрико дар хоки кишвари худро нақзи истиқлоли Покистон арзёбӣ мекунанд ва генералҳои покистонӣ таҳдид ҳам кардаанд, ки метавонанд тааҳҳудоти додаи Исломобод дар набард бо террорро бознигарӣ кунанд.

Посухи Обама ғолибан ба ҳамин мақомоти покистонист, ки беш аз ҳад ба истиқлолашон нанозанд, балки ба аҳде, ки супурдаанд, амал кунанд. Аз ҷумла дар роҳи шикори Усома бин Лодин ва Усомаҳои дигаре, ки аз хоки Покистон рӯида ва ё дар ин хок соҳиби паноҳгоҳҳои амн шудаанд.
XS
SM
MD
LG