Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дасти кам 3 нафар дар заминларзаи Туркия


Бар асари заминларза дар Туркия дасти кам 3 нафар ҷон бохта ва тақрибан сад каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Зилзилаи нерӯяш баробар ба тақрибан 6 дараҷаи Рихтер дар шаҳри Симав, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи созмони Салиби Сурх, дар шаҳр чанд бино, аз ҷумла, масҷид хароб шудаанд.

Айни ҳол сокинони Симав аз нерӯи барқ ва робитаи телефонӣ маҳрум мондаанд.

Заминларза дар Истамбул ва чанд шаҳри ғарбии Туркия ҳам эҳсос шуд.
XS
SM
MD
LG