Фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман имрӯз дар Исломобод бо мақомоти сиёсӣ ва низомии Покистон масоили марбут ба беҳбуди равобити дуҷониба ва рушди ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ӯ бо раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси Ситоди марказии артиш генерал Ашфоқ Парвиз Каёнӣ ва раиси хадамоти кашф ISI генерал-лейтенант Аҳмад Шуҷоъ Пошшо мулоқотҳо анҷом дод.
Як сухангӯи ҳукумати Покистон гуфт, ин мулоқотҳо дар чаҳорчӯб ва дар идомаи музокироти сенатори амрикоӣ Ҷон Керрӣ бо мақомоти Покистон сурат гирифтанд, ки дар он ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳо дар пояи эҳтирому эътимод ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои ҳамдигар ба созиш расида буданд.