Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯсрабоӣ дар Қирғизистон: Аз суннат то ҷиноят


Суннати рабудани арӯс, ки дар Қирғизистон решаҳои мустаҳкам дорад, рӯ ба густариш ниҳодааст.

Аммо ин амал ба интиқоди шадид ва гирдиҳамоии эътирозӣ дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.
Рабудани арӯс дар Қирғизистон расман ҷурм ба шумор меравад ва се соли маҳрумият аз озодиро дар назар дорад...


Рӯзи чаҳоршанбе, 18-уми майи соли ҷорӣ, беш аз 200 нафар ба хиёбонҳои вилояти шимолии Қирғизистон баромада, алайҳи суннати қадимии арӯсрабоӣ гирдиҳамоӣ баргузор карданд.

Ин суннат, ки қариб дар ҳамаи кишварҳо ҷиноят, вале барои бисёриҳо дар Қирғизистон ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ мешавад, ба як мард иҷоза медиҳад, ки духтари дилхоҳи худро дар кӯча бирабояд ва ӯро ба издивоҷ маҷбур кунад.

АРӮСОНИ НОКОМ


Вале ин амал бо ду ҳодисаи худкушии арӯсҳои рабудашуда дар моҳҳои ахир, боис ба маҳкум карданҳо ва интиқод шуд. Тазоҳуроти рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи Иссиқ-Кӯл, зодгоҳи ду арӯси ноком, Венера Қосималиева ва Нурсат Холиқова, ки ҳарду 20-солӣ доштанд, баргузор шуд.

Гирдиҳамоиро созмонҳои ғайридавлатӣ, бо навиштаҷоти “Баҳор бидуни онҳо” ва бо талаби хотима додан ба ин суннати қадимӣ созмон доданд.

Рабудани арӯс дар Қирғизистон расман ҷурм ба шумор меравад ва се соли маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

"Вале воқеият ин аст, ки дар маҷмӯъ то ҳол танҳо ду-се қазия то додгоҳ расидаанд ва мардҳои дигар бидуни муҷозот ва бо пардохти як ҷаримаи хурд аз масъулият раҳо шудаанд",- мегӯяд Ғозбибӣ Бобоёрова, раҳбари як созмони ғайридавлатӣ, ки алайҳи суннати арӯсрабоӣ маърака ба роҳ мондааст.

АРӮСРАБОӢ: АЗ РУСТО БА ШАҲР

Ӯ мегӯяд, дар гузашта арӯсрабоӣ хоси рустоҳо буд, аммо ҳоло ин амал ба гӯшаҳои дигари кишвар ва ҳатто пойтахт, Бишкек низ паҳн шудааст. Бинобар пажӯҳишҳои хонум Бобоёрова аз 68 то 75 дарсади издивоҷҳо дар кишвар дар пайи арӯсрабоӣ созмон ёфтаанд.

Хонум Бобоёрова нодориву мушкили иқтисодиро аз сабабҳои аслии вусъати ин суннат номбар мекунад. Ба гуфтаи ӯ бисёр хонаводаҳои нодор бо ин роҳ аз пардохти маҳр ва хароҷоти тӯю маъракаҳо халос мешаванд.

"Ин амал аз тарафи хонаводаи ҷавонмард пуштибонӣ мешавад. Баъзан, мардҳо дар гирифтани иҷозаи издивоҷ аз духтар ҳарос доранд. Онҳо барои мулоқот ва гирифтани ризояти духтар ҷасорат надоранд ва рабудани арӯсро роҳи осонтар мебинанд. Зеро онҳо метарсанд, ки духтар ба издивоҷ розӣ намешавад. Сабаби дигар татбиқ нашудани қонун дар бораи муҷозоти арӯсрабоист. Азбаски рабояндагони духтарҳо бемуҷозот мемонанд, ин нодидагириҳо роҳро барои мавридҳои дигар ҳамвор мекунад",-афзуд ӯ.

На ҳамаи арӯсон бо дили хуш рӯи ин варақ имзо мегузоранд...

СУННАТИ ҚАДИМИИ ҚИРҒИЗҲО

Бар пояи ин суннати қадимӣ марди қирғиз маъмулан дар сини 20-солагӣ мехоҳад барои аввалин бор издивоҷ кунад. Ӯ духтари дилхоҳашро пайдо мекунад ва барномаи рабудан ва издивоҷ бо ӯро тарҳрезӣ менамояд.

Марди ҷавон ва дӯстони ӯ духтарро дар кӯча мепоянд ва ӯро иҷборан ба хонаи ҷавон мебаранд. Ин амал гоҳо бо хушунат ҷараён мегирад, вале дар аксар маврид мард аз таҷовузи арӯс худдорӣ мекунад.

Агар дар ниҳояти амр духтар ба ин издивоҷ ногузир розӣ шавад, хонаводаи домод ба сари арӯси оянда рӯймоли сафед мепӯшонад ва аз ӯ мехоҳад, ки ба волидонаш нома бинависад. Хонаводаи “домод” бо ин нома ба хонаи арӯси оянда мераванд ва духтарро барои паисари худ хостгорӣ мекунад. Дар зимн, хонаводаи арӯс то замони иттифоқ афтодани дуздӣ, кӣ будани домод ва хонаводаи ӯро намедонад.

ИЗДИВОҶИ МАҶБУРӢ?


Бисёре аз арӯсҳо ноилоҷ сар мефуроранд ва ба издивоҷ розигӣ медиҳанд. Аммо маъмулан ин гуна оилаҳо собит намемонад, бархе баъд аз чанд сол пош мехӯранд бархе дигар, мисли ин ду ҳодисаи ахир, фарҷоми фоҷеабор доранд.

Ҷавонмарди қирғиз, бо исми Улан хотирхоҳ ё хушдори Нурсат Холиқова, яке аз ду арӯсе буд, ки чанде баъд аз рабуда шуданадаш худкушӣ кард. Улан бо нияти хостгорӣ бо Нурсат сӯҳбат карда буд. Вале ҳам духтар ва ҳам падару модари ӯ дархости ҷавонро рад карданд. Онҳо ҳеҷ гумон надоштанд, ки барои расидан ба ҳадаф Улан аз ин суннат истифода мекунад.

Аммо як бегоҳ волидони Нурсат аз меҳмонӣ баргаштанд ва духтари худро дар хона пайдо накарданд. Як рӯз баъд аз он маълум шуд, ки Улан духтарро дузидидаст. Издивоҷи Улан бо Нурсат тӯлонӣ набуд, пас аз чаҳор моҳи зиндагии муштарак, арӯс даст аб худкушӣ зад.

Бо вуҷуди натиҷаи фоҷеабори арӯсрабоӣ, Улан ҳоло ҳам мӯътақид аст, ки барои расидан ба ҳадаф кори иштибоҳе накардаст ва худро дар марги ҳамсараш масъул намедонад. Дар ҳоле ки мақомот ба пажӯҳиши ин ҳодиса шурӯъ кардаанд, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ мегӯянд, то замоне ки қонуни муҷозоти арӯсрабоӣ дар асл татбиқ нашавад, фоҷеаҳои мисли худкушии духтарҳои бадбахт идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG