Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонуму духтари Қаззофӣ тарки Либия накардаанд


Ойиша, духтари Муаммар Қаззофӣ
Ойиша, духтари Муаммар Қаззофӣ
Мақомоти Либия хабари шабакаҳои телевизионии “Ал-Ҷазира” ва “Ал-Арабия” дар бораи тарки кишвар намудани хонум ва духтари раҳбари кишвар Муаммар Қаззофиро рад карданд.

Холид Қойим, муовини вазири умури хориҷии Либия гуфт, ки хонуми Қаззрфӣ Сафия ва духтараш Ойиша дар Триполӣ, пойтахти кишваранд.

Ӯ ҳамчунин хабари ба ҷониби ошӯбгарон гузаштани раиси ширкати нафтии кишвар Шукрӣ Ғанемро рад кард ва гуфт, ки ӯ айни ҳол дар хориҷи кишвар дар сафари хизматӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG