Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО мегӯяд, хабари телевизиони Либия дурӯғ аст


Паймони НАТО мегӯяд, гузоришҳо доир ба ҳамлаи нерӯҳои Либия ба яке аз киштиҳои ҷангиаш дар наздикии шаҳри Мисрота беасос аст. Мақомоти паймон гуфтанд, гузориши телевизиони давлатии Либия дар ин бора “комилан сохта” аст. Дирӯз пештар аз ин, дар ҷанг миёни нерӯҳои Қазофӣ ва шӯришиён дар Мисрота, ки шаҳр дар дасти онҳост, дасти кам 7 нафар кушта шуданд. Айни замон дар Туниси ҳамсоя бо Либия гуфтанд, Шукрӣ Ғаним, мудири Ширкати миллии нафти Либия, аз ҳукумати Қаззофӣ рӯ тофта ба Тунис гурехтааст, ки инро зарбаи сахте ба режими Муаммар Қаззофӣ медонанд, ки 41 сол боз дар Либия ҳукумат мекунад.
XS
SM
MD
LG