Имрӯз додситонҳои Қазоқистон гуфтанд, ки ду ҷасадеро пайдо кардаанд, ки зоҳиран ҷасади банкдорони бедаркшудаи Қазоқистон мебошад. Чаҳор сол пеш баъд аз як моҷаро бо Роҳат Алиев-домоди пешини Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон Жолдас Тимралиев ва Айбар Хасенов-мудирони “Нурбанк” бедарак шуданд. Ин ҷасадҳоро рӯзи ҷумъа дар Алмаато пайдо кардаанд. Ташхиси ҷасадҳо идома дорад.