Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будҷаи ояндаи СҶБ як миллиард доллар коҳиш меёбад


Маргарет Чан
Маргарет Чан
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфтааст, аз будҷаи ояндаи худ як миллиард доллар кам хоҳад кард, зеро кишварҳои сарватманди сармоягузор ба мушкили молӣ гирифтор шудаанд ва арзиши табодули доллари амрикоӣ поин рафтааст. Маргарет Чан-раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба хабарнигорон гуфт, саҳмияҳои ихтиёрии сармоягузорон дар миёни 30 кишвари аслии кӯмаккунанда коҳиш ёфтааст ва он бахше аз мушкили созмони онҳост. Интизор меравад, ки ин созмон 12 дарсади кормандони худро ихтисор кунад, ки он 300 нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG