Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон хостори поёни ҳамлаҳои ИМА шуд


Парлумони Покистон аз Амрико хост то ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба хоки ин кишвар поён диҳад.

Намояндагони парлумони Покистон имрӯз, шанбе бо тасвиби қатъномае ҳамчунин хостори анҷоми таҳқиқот дар бораи ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба махфигоҳи Усома бин Лодин, раҳбари Ал-Қоида, шуданд то дигар чунин амалиёте такрор нашавад.

Дар ин баёния омадааст, дар сурати адами таваққуфи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ, давлати Покистон маҷбур хоҳад шуд то иқдомотеро ҳамчун таваққуфи ироаи кӯмакҳои ҳамлу нақл ба НАТО дар пеш бигирад.

Бештари колоҳо ва таҷҳизоти мавриди ниёзи нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон аз масири Покистон ба ин кишвар мунтақил мешавад.

ТАНИШ МИЁНИ АМРИКО ВА ПОКИСТОН

Баъд аз ин, ки Усома бин Лодин дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар Покистон кушта шуд, Вашингтон мегӯяд бин Лодин ғолибан як шабакаи ҳимоятӣ дар Покистон дошта ва ин шабака дар натиҷаи таҳқиқоти Амрико ва Покистон ошкор хоҳад шуд.

Вале Покистон мегӯяд, ки аз вуҷуди бин Лодин дар ин чандин сол дар хоки ин кишвар огаҳӣ надошта аст.Ҷузъиёти буду боши бин Лодин дар ин ҳама муддат дар Покистон ҳанӯз ҳам рӯшан нест ва пурсишҳои зиёд дар ин робита матраҳ мешавад, ки боиси бурузи ихтилоф миёни Амрико ва Покистон шудааст.

Иддае аз соҳибназарон ба ин назаранд, ки Амрико бояд ба кушта шудани бин Лодин иктифо накунад ва фишорҳои худро болои Исломобод бештар созад то дар дастгирии аъзои дигари Ал-Қоида ба сурати ҷиддитар ҳамкорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG