Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Либия дар ҷустуҷӯи имдоди Амрико


Маҳмуд Ҷабриил, сарвазири Шӯрои Гузори Либия ҳангоми сухан дар Пажӯҳишгоҳи Брукингзи Вошингтон, 12-уми майи соли 2011.
Маҳмуд Ҷабриил, сарвазири Шӯрои Гузори Либия ҳангоми сухан дар Пажӯҳишгоҳи Брукингзи Вошингтон, 12-уми майи соли 2011.

Яке аз раҳбарони мухолифони Қаззофӣ бо тарҳе марбут ба ояндаи Либия ба Вошингтон сафар кард.

Маҳмуд Ҷибриил, сарвазири Шӯрои Миллии Гузори Либия “харитаи роҳ”-и як кишвари демократиро таҳия кардааст ва мегӯяд, дар сурати суқути режими Муаммар Қаззофӣ, ин “харитаи роҳ” ба иҷро медарояд.

Вай дар остонаи мулоқотҳои худ дар Кохи Сафеди Амрико ин нақшаи худро дар Вошингтон муаррифӣ кард. Дар ин паём дар Пажӯҳишгоҳи Брукингзи
Вазифаи Шӯрои Миллӣ аз он иборат хоҳад буд, ки як кумитаро интихоб мекунад ва ин кумита ба таҳияи Қонунии Асосии нав шурӯъ хоҳад кард...
Вошингтон Ҷабриил гуфт, ки “суқути комил”-и режими Муаммар Қаззоффӣ дар чанд ҳафтаи оянда иттифоқ хоҳад афтод. Ба гуфтаи вай, Шӯрои Миллии Гузор “ниҳоди сиёсӣ” нест, балки ниҳоди иҷроист, ки нақшаи як кишвари демократиро дар Африқои Шимолии дорои режимҳои худкома таҳия кардааст.

Ҷаноби Ҷабриил гуфт: “Баъд аз суқути режим Шӯрои Миллии Гузор билофосила бояд Конгресси Миллиро даъват кунад. Ба Шӯрои Миллӣ намояндагони ҳамаи минтақаҳо, шаҳрҳо ва шаҳракҳои Либия бо назардошти шумораи аҳолиашон дохил хоҳанд шуд. Вазифаи Шӯрои Миллӣ аз он иборат хоҳад буд, ки як кумитаро интихоб мекунад ва ин кумита ба таҳияи Қонунии Асосии нав шурӯъ хоҳад кард”.

Ҷибриил афзуд, пешнвиси Қонуни Асосии нав дар райпурсии ҳамагонӣ ба тасвиб хоҳад расид. Бар ҷараёни баргузории ин райпурсӣ СММ назорат хоҳад кард. Баъд аз баргузории райпурсии ҳамагонӣ интихоботи парламонӣ ва баъд аз ду моҳи он интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар он сурат Либия на танҳо модел ё намунае барои кишварҳои арабӣ, балки барои тамоми қитъаи Африқо хоҳад буд.

Раҳбари мухолифони Либия, ки дар Амрико таҳсил гирифтааст, умед дорад, ки рӯзи ҷумъа нақшаҳои вай дар Кохи Сафед дар ҷараёни мулоқот бо Том Донилон-мушовири амнияти миллии Барак Обама ва аъзои Конгресси Амрико мавриди пуштибонӣ қарор хоҳад гирифт. Бо вуҷуди ин, ки дар барномаи мулоқотҳои Ҷибриил мулоқот бо Барак Обама пешбинӣ нашудааст, вале вай ба Обама чунин паём дорад: “Агар ман бо президент Обама мулоқот кунам, қабл аз ҳама барои нақши Амрико ба вай изҳори сипос мекунам. Ман ба таври ҷиддӣ аз вай дархост хоҳам кард, ки бештар нақши фаъол дошта бошад, зеро барои Амрико маъалаҳои зиёди стротегӣ ҳаст, ки дар сурати надоштани нақши фаъол метавонад аз даст равад”.

То ҳол ба Шӯрои Миллии Гузори Либия муяссар нашудааст, ки ба унвони намояндаи расмии мардуми Либия аз шинохти расмии Вашингтон бархӯрдор шаванд, дар сурате, ки то ҳол Фаронсаву Италия, Қатару Кувайт ва баъзе кишварҳои дигар онҳоро эътироф кардаанд.

Мақомоти расмии Амрико то ҳол ҷанбаҳои қонунии Шӯрои Миллии Гузори Либияро меомӯзанд, қабл аз он, ки дар бораи шинохти расмии он тасмим бигиранд ва аз он ҳимоят кунанд. Дар сурати шинохти расмӣ, ба Вошингтон осон хоҳад буд, ки ба Либия ёрии молӣ расонад.

Ба гуфтаи Маҳмуд Ҷибриил, нахуствазири давраи гузори Либия, Ҷон Каррӣ-раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико қавл додааст, ки дар сурати шинохти расмӣ Сенат тарҳи қонунеро дар бораи кӯмаки 180-миллиондолларӣ таҳия хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG