Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Покистон хостори тавсеаи ҳамкорӣ шуданд


Осиф Алӣ Зардорӣ ва Дмитрий Медведев
Осиф Алӣ Зардорӣ ва Дмитрий Медведев
Русия ва Покистон қавл доданд, ки равобити иқтисодии худро тавсеа медиҳанд ва талошҳои худро дар роҳи мубориза бар зидди терроризм ҳамоҳанг месозанд. Президент Дмитрий Медведев ва Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон, ки машғули боздид аз Русия аст, дар маросими имзои чанд қарордоди ҳамкории миёни ин ду кишвар ҳозир буданд. Ин қарордодҳо аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ ва кишоварзиро дар бар мегирад. Дар эъломияи муштарак ҳар ду раиси ҷумҳур ҳимояти худро аз ширкатҳои Русия, ки дар Покистон тарҳҳои иқтисодӣ ва марбут ба зербанои Покистонро пиёда мекунанд, изҳор доштанд.
XS
SM
MD
LG