Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блейк такрори "Баҳори Араб" дар ОМ-ро истисно медонад


Роберт Блейк
Роберт Блейк
Роберт Блейк-ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубиву Марказӣ дар Конгресси Амрико гуфт, кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ба ҳам шабоҳатҳои зиёд доранд, вале рӯйдодҳое бо номи “Баҳори Араб” дар ин кишварҳо имконпазир нест. Бино ба гуфтаи оқои Блейк, вазъ дар Қазоқистону Тоҷикистон ва Туркманистону Узбакистон бо вазъи кишварҳои Ховари Миёна шабоҳат дорад. Бекориву фақр ва ришвахории сартосарӣ аз ҷумлаи чунин шабоҳатҳо мебошанд ва бештар аз нисфи аҳолии Тоҷикистону Туркманистон ва Қазоқистонро ҷавонони зери сини 25 ташкил медиҳанд. Блейк се сабаби такрор нашудани “Баҳори Араб” дар кишварҳои Осиёи Марказиро ном бурд. Аввал, бекорӣ то андозаи Мисру Тунис нест. Дуввум, табақаи бекор барои кор ба Русия мераванд ва севвум, захоири энержии Қазоқистону Туркманистон шиддати бӯҳрони иқтисодиро камтар мекунад.
XS
SM
MD
LG