НАТО инкор кард, ки ҳадафи ҳамлаи мушакӣ ба Троблус куштори Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия набудааст. Клавдио Габеллинӣ-генерали НАТО аз Италия зимни суханони худ дар қароргоҳаш дар Италия гуфт, ҳадафи НАТО шахсиятҳо нест, балки пешгирӣ кардан аз ҳамлаҳои мустақими режими Қаззофӣ бар шаҳрвандон аст. Вай гуфт, НАТО намедонад, ки Қаззофӣ зинда аст ё мурда. НАТО мегӯяд, аз 31-ӯми март ба ин сӯ ин паймон дар Либия 6 000 амалиёт анҷом додааст, вале дар ҳамаи он бомб партоб нашудааст.