Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтори ҷадид дар бозори "Шоҳмансур"


Шаби 9 май дар бозори «Шоҳмансур»("Зелёний"), аз бузургтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон, сӯхтор шудааст. «Азия Плюс» аз қавли мақомоти умури дохила хабар дод, ки доманаи оташ то 300 метри мураббаъро фаро гирифта, як ошхона ва толори бозии билярдро ба коми худ фурӯ бурдааст. Бозори «Шоҳмансур» ба ҳамин далел рӯзи 9 май баста буд.
Оташсӯзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон зиёд рух медиҳад. Бозори «Шоҳмансур» дар 3 соли охир бори дуввум аст, ки ба коми оташ меравад. Рӯзи 30 апрел бар асари сӯхтор «Баракат», бузургтарин бозори ноҳияи Румии вилояти Хатлон комилан сӯхт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG