Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон тавлиди алюмин кам мешавад, чаро?


Бино ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ширкати алюмини Тоҷикистон ё ТАЛКО ба нақша гирифтааст, ки тавлидоти худро дар соли 2011 18 дарсад коҳиш медиҳад. Сабаб ин будааст, ки таъмири таҷҳизоти ин корхона, ки мӯҳлати истифодааш бештар аз вақти пешбинӣ будааст, гаронтар тамом мешавад. Тавлиди алюмин барои соли ҷорӣ дар ин корхона 377 600 тон дар назар гирифта шуда буд, вале акнун ин ширкат 310 000 тон алюмин тавлид хоҳад кард, ки нисбат ба соли 2010 низ камтар аст. Соли 2010 тавлиди алёмин 348 850 тонро ташкил дода буд. Як манбаъ, ки аз бурдани номаш ба хабаргузории Ройтерз худдорӣ кардааст, мегӯяд, ки ин корхона ба таҷдиди таҷҳизоти худ шурӯъ мекунад ва он аз 6 то 9 моҳро дар бар хоҳад гирифт. Барои таъмиру таҷдиди таҷҳизот 100 миллион доллар дар назар гирифта шудааст. Корхона соли 1975 сохта шуда буд.
XS
SM
MD
LG