Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор ба сокинони соҳили Миссиссипӣ аз болоравии сатҳи об


Сокинони шаҳракҳои соҳили рӯдхонаи Миссиссипӣ дар Амрико дар муқобили боло рафтани сатҳи об ва ҷорӣ шудани селоб омодагӣ мегиранд. Ҳавошиносон пешгӯӣ кардаанд, ки имкон дорад дар даҳ соли ахир ин минтақаҳо ба бадтарин вазъ дучор шаванд. Бино ба гузоришҳо, дар Мемфис ва Теннессӣ бештар аз 1 000 хонавода ба ҷойҳои дигар кӯч дода шудаанд. Ҳавошиносон гуфтаанд, мумкин аст рӯзи сешанбе сатҳи оби ин рӯдхона то ба 14,6 метр, яъне ба сатҳи рекордӣ расад, ки он аз девораҳои ҳифозатӣ 4 метр баландтар аст.
XS
SM
MD
LG