Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донилон: Айвон аз-Завоҳирӣ чун бин Лоден нуфуз надорад


Шабакаи “Ал-Қоида” дар пайдо кардани раҳбари нав оҷиз хоҳад монд. Ин изҳороти Том Донилон, мушовири Кохи Сафед дар умури амнияти миллӣ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии амрикоии NBС садо дод.

Ба гуфтаи ӯ, нуфузи Айвон аз-Завоҳирӣ, ки нафари дуввум дар “Ал-Қоида” маҳсуб мешавад, дар баробари нуфузи бин Лоден ҳатто қобили қиёс нест.

Донилон ҳамчунин гуфт, ҳанӯз далеле зери даст нест, ки мақомоти Покистон дар бораи ҳузури раҳбари “Ал-Қоида” дар кишвар маълумот доштанд ва аммо бояд ҳамдастони эҳтимолии бин Лоден дар мақомоти Покистон ошкор карда шаванд.

Масъулини хадамоти кашфи Амрико мегӯянд, ки манзили бин Лоден дар Абботобод ситоди марказӣ буд ва назорати стратегиву фаврии “Ал-Қоида” аз он ҷо сурат мегирифт.

Ахиран вазорати дифоъи Амрико панҷ навори аввали видеоӣ аз бойгонии Усома бин Лоденро нашр кард. Дар яке аз онҳо – паёми видеоии раҳбари “Ал-Қоида” ба ҷонибдоронаш сабт шудааст.

Усома бин Лоден шаби 2 май бар асари амалиёти вижаи нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботбоди Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG