Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Албания мақомоти маҳаллиро интихоб мекунанд


Дар Албания раъйдиҳӣ дар интихоботи мақомоти маҳаллӣ идома дорад.

Ҷараёни ин маъракаи сиёсиро тақрибан панҷ ҳазор нозирони маҳалливу байнулмилалӣ назорат мекунанд.

Ба рӯйхатҳои афроди дорои ҳаққи раъй без аз 3 миллион сокинони Албания ворид шудаанд.

Дар робита ба интихобот дар сартосари кишвар аз чораҳои шадид амниятӣ кор гирифта шудааст.

Дар арафаи раъйдиҳӣ дар Албания чанд амали террористӣ ба вуқӯъ пайваст, аз ҷумла, мошини яке аз номзадҳои мухолифин тарконда шуд.

Қарор аст, ки натоиҷи пешакии раъйдиҳӣ шоми имрӯз эълон шавад.

Баъд аз интихоботи парлумонии соли 2009 Албания дар бӯҳрони сиёсӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG