Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси комиссиюни мубориза бо фасод дар Арабистони саудӣ


Шоҳи Арабистони саудӣ Абдулло
Шоҳи Арабистони саудӣ Абдулло
Ҳукумати Арабистони саудӣ комиссиюни миллии мубориза бо фасодро таъсис кард. Дар изҳороти хабаргузории расмии кишвар гуфта шудааст, ки ин комиссиюн аз ваколатҳои густурда бархурдор аст.

Таъсиси ниҳоди нави мубориза бо фасодро бо намоишҳои эътирозии ахир марбут мекунанд, ки дар онҳо мақомот дар ришвату фасод айбдор мешуданд.

Моҳи март шоҳи Арабистони саудӣ Абдулло барои пардохтҳои иҷтимоӣ ба мардум 100 миллиард доллар ҷудо кард ва ҳушдор дод, ки аз ҳама талошҳои табаддулоти давлатӣ қатъӣ ҷилавгирӣ карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG