Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти бештари қатли бин Лодин


Охирин маҳали будубоши Усома бин Лодин дар шаҳри Аббатободи Покистон
Охирин маҳали будубоши Усома бин Лодин дар шаҳри Аббатободи Покистон

Бо гузашти чанд рӯз аз амалиёти нирӯҳои вижаи Амрико дар хоки Покистон, ҷузъиёти ҳарчӣ бештаре дар бораи ин амалиёт дастрас мешавад.

Мақомоти Амрикову Покистон рӯз ба рӯз тафсилоти наверо дар ихтиёри хабарнигорон мегузоранд, ки манзараи амалиёти қатли бин Лодинро рӯшантар мекунад .

БИН ЛОДИН ВА ЧАШМҲОИ "ТЕЗБИН"-И CIA


Мақомоти Амрико акнун эътироф мекунанд, ки манзили Усома бин Лодинро дар Аббатободи Покистон аз як манзили амни наздик, ки ба CIA ё ЦРУ, Ожонси марказии иктишофии Амрико тааллуқ дошт, таҳти назорат доштанд ва ҳамин назорат дар натиҷа роҳи амалиёти қатли раҳбари Ал-Қоида дар таърихи дуюми майро ҳамвор кардааст. Рӯзномаҳои амрикоии "New York Times" and "Washington Post" аз қавли як мақоми ин кишвар навиштанд, ки CIA дар пайи маълум шудани макони бин Лодин дар моҳи августи соли гузашта як манзилро дар Аббатобод дар наздикии ин паноҳгоҳ иҷора гирифт.

Бино бар ин гузоришҳо, афсарони CIA тайи чандин моҳ аз ин ҳавлии иҷора манзили раҳбари фирории шабакаи Ал-Қоидаро назорат мекарданд ва акси он сокинони маҳаллӣ ё меҳмононеро, ки ба ин хона равуо доштанд, мегирифтанд. Ин манзили иҷора ба чунон пойгоҳи бузурги иктишофӣ табдил ёфта буд, ки CIA ҳатто аз Конгресси Амрико барои нигоҳдориаш даҳҳо миллион доллар хостааст.

Шишаҳои тирезаҳои ин манзил чунон оинабандӣ шуда буд, ки афсарони CIA бидуни кадом бими маълум шудани ҳаракатҳои онҳо аз берун, ба хотири назорати манзили бин Лодин аз камераҳои видеоиву дастгоҳҳои аккосӣ истифода мебурдаанд. Маъмурони иктишофии Амрико ба хотири шунидани сӯҳбатҳои дохили манзили раҳбари Ал-Қоида ва сабти гуфтугӯҳои телефонии аҳли он хона, таҷҳизоти ҳассоси гӯшкунанда низ бо худ дошта, нақбҳои эҳтимолие, ки бин Лодин ва ёронаш битавонанд тавассути онҳо аз манзил фирор кунанд, тавассути моҳвора ҷустуҷӯ мешудааст.

ХАШМИ ГЕНЕРАЛҲОИ ПОКИСТОНӢ

Шаби панҷшанбе мақомоти низомии Покистон бо нашри як баёнияи хашмолуд барои бори нахуст ба амалиёти махфии Амрико вокуниш карданд. Ин баёния, ки дар пайи нишасти 12 генерали аршади Покистон бо фармондеҳи артиш Ашфақ Каёнӣ нашр шуд, то ҳадди ақал коҳиш додани шумори нирӯҳои Амрико дар Покистонро талаб мекунад. Генералҳои аршади Покистон ҳамчунин таҳдид кардаанд, ки Исломобод дар сурати роҳандозии чунин ҳамлаи якҷониба дар қаламраваш, ҳамкории худ бо Амрикоро дар набард алайҳи терроризм қатъ хоҳад кард. Ашфақ Каёнӣ оғози таҳқиқотеро эълон кард, ки бояд чигуна бидуни хабардор шудани нирӯҳои Покистон ба чунин умқи қаламрави кишвар – ҳатто то ҳамагӣ 50-километрии пойтахташ Исломобод дарун рафтани асокири Амрикоро таҳқиқ кунад.

Як далели чунин сурати ҳол ифшои боз як ҷузъиёти дигар аст, ки мегӯяд, дар амалиёти қатли бин Лодин аз чархболҳои хеле махфӣ ва то кунун диданашудаи нирӯҳои вижаи Амрико, ки ягон радар онҳоро гирифта наметавонад, истифода шудааст. Яке аз ин чор чархбол ба ҳангоми фуруд дар ҳавлии қалъамонанди бин Лодин дар Аббатобод ба далоили фаннӣ аз кор монд ва нирӯҳои коммандос худ онро тахриб карданд, то барои ташхиси вижагиҳо ва тавоноиҳои ин чархбол ба мутахассисони ғайр шавоҳиде боқӣ намонад.

ПОКИСТОН ИТТИҲОМРО РАДД МЕКУНАД

Исломобод тайи 4 сол сарусадоҳо дар бораи имкони дар Покистон паноҳ бурдани раҳбари Ал-Қоидаро башиддат радд мекард. Баёнияи ахири низомиҳои Покистон вуҷуди “камбуд дар иттилооти иктишофӣ пиромуни ҳузури Усома бин Лодин дар хоки Покистон”-ро эътироф мекунад, вале мегӯяд, ISI, Хадамоти кашфи Покистон бо ҳамкории CIA ё мустақилона ҳудуди 100 узви Ал-Қоида ва ёрони ин шабакаро нобуд кардааст.

Кашфи манзили бин Лодин дар Покистон ва он ҳам дар наздикии Академияи низомии ин кишвар ва манозили бисёре аз генералҳои мустаъфии покистонӣ мояи хашми бисёре аз амрикоиҳо шудааст, ки мегӯянд, мақомоти Исломобод ҳадафмандона ба раҳбари Ал-Қоида дар хоки худ паноҳ додаанд ва аз ҳамкории худ дар ҷанг алайҳи террор фақат лоф мезаданд.

Аммо Салмон Башир, дабири вазорати хориҷаи Покистон ин иддаоро радд мекунад: "Осон аст гуфтан, ки Хадамоти кашфи Покистон ва бархе афрод дар дохили давлат бо Ал-Қоида шарик буданд. Ин фарзияи дурӯғ аст. Ин иттиҳоми ҷаълист. Ин ба ҳеҷ сурат қобили қабул нест.”

6 СОЛИ БИДУНИ ХУРУҶ АЗ МАНЗИЛ

Ба гуфтаи як мақоми иктишофии Покистон, Амал Аҳмад Абдулфаттоҳ, ҳамсари ямании бин Лодин ҳангоми бозпурсӣ иқрор кардааст, ки ӯ дар ин манзил бидуни хуруҷ аз қабатҳои болоӣ 6 солро бар сар бурдааст. Амал Абдулфаттоҳ ва ду ҳамсари дигари бин Лодин дар пайи амалиёти нирӯҳои коммандои Амрико дастгир шуда, феълан дар Покистон бозпурсӣ мешаванд. Интизор меравад, бозҷӯии ҳамсаронаш парда аз рӯи шеваи зиндагии бин Лодин дар ин манзил ва чигуна амон монданаш дар тӯли ин ҳама солро бардорад.

Мақомоти Покистон аз қавли занону кӯдакони раҳбари Ал-Қоида мегӯянд, ки бин Лодин ва ёронаш дар пайи вуруди нирӯҳои вижаи Амрико ягон “муқовимати ҷиддӣ” нишон надоданд ва аз ҷумла ба далели болояшон андохтани норинҷакҳои гиҷкунанда.

Мақомоти покистонӣ аз ин манзил ҳамагӣ як мусалсали Калашников ва як туфангча пайдо кардаанд ва ҳам шавоҳиде, ки ҳокии холӣ шудани ҳамагӣ як тир аз ин туфанг мебошад.

УСОМА НАҚШАҲОИ ДИГАРИ ТЕРРОРИСТӢ ДОШТААСТ

Ин дар ҳолест, ки мақомоти амрикоӣ акнун мегӯянд, яке аз 4 тани кушташуда дар амалиёти рӯзи 2-юми май дар Аббатобод мусаллаҳ буд ва алайҳи нирӯҳои Амрико тирандозӣ кардааст. Ба гуфтаи ин мақомот, яке аз кушташудаҳо писари бин Лодин ва якеи дигар қосиди мӯътамадтарини ӯ Абӯаҳмад ал-Кувайтӣ будааст, ки ҳамсояҳо ӯро бо номи ҷаълии Аршадхон ва сарвари хонаводаи сокин дар ин манзил мешинохтанд.

Мақомоти Амрико ба "New York Times" гуфтаанд, маълумоти бадастомада аз аснод ва компутари ёфтшуда дар манзили бин Лодин ҳокист, ки ӯ аз инҷо дар тӯли солҳо ба ҳамлаҳои Ал-Қоида раҳбарӣ мекард ва аз ҷумла қасд дошт, ки имсол, дар солгарди даҳуми ҳамлаҳои 11 сентябр дар роҳҳои оҳани Амрико ҳамлаи ҷадид анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG