Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон аз болоравии нархи ғизо ҳушдор дод


Ҳилларӣ Клинтон дар мулоқоти FAO дар Рум
Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико ҳушдор дод, ки камбуди маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо метавонад боиси нооромиҳои густарда шавад. Вай ин нуктаро дар мулоқоти созмони Ғизо ва Кишоварзии вобаста ба СММ дар Рум-пойтахти Италия изҳор дошт ва гуфт, бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шавад, то аз такрори бӯҳрони солҳои 2007 ва 2008 пешгирӣ шавад. Ин бӯҳрон дар даҳҳо кишвари рушдёбандаи ҷаҳон эътироз ба бор оварда буд. СММ тахмин мезанад, ки 44 миллион нафар дар ҷаҳон ба сабаби боло рафтани нархи маводи ғизоӣ аз моҳи июни соли гузашта ба фақр рӯ ба рӯ ҳастанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG