Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғаффор Мирзоев ба додгоҳи олӣ нома навиштааст


Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев дар номае аз раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки парвандааш бознигарӣ шавад. Вай навиштааст, ки Додгоҳ ба вай ҳукми абад содир кардааст ва вай бо ин ҳукми додгоҳ розӣ нест. Оиша Мирзоева-хоҳарбузурги генерал Мирзоев ду рӯз қабл дар маҳбас бо бародараш Ғаффор Мирзоев мулоқот кард ва аз номаи бародараш огоҳ шуд. Вай мегӯяд:

“Ба суд нома навиштааст. Ба ҳамон се моддае, ки ҳукми абад додаанд, розӣ нест”.

Вале ба номаи Ғаффор Мирзоев дар бораи расидигии дубора ба парвандааш то ҳол Додгоҳи олӣ посух надодааст.
XS
SM
MD
LG