Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш мусаллаҳ ва як зан дар вилояти Пактиё


Бар асари амалиёти нерӯҳои НАТО дар вилояти Пактиёи Афғонистон шаш фарди мусаллаҳ ва як зан - сокини осоишта кушта шуданд. Даҳ нафар, аз ҷумла, чаҳор кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.

Тирпарронӣ ҳангоми ҳамлаи низомиён ба як манзили зист дар мавзеъи Зурмат ба вуқӯъ пайваст.

Низомиёни НАТО иттилоъ дар бораи талафот миёни мардуми осоиштаро тасдиқ карда гуфтанд, ки амалиёти шабона ба хотири пайдо кардани яке аз раҳбарони гурӯҳи ифротгаро Ҷалолиддин Ҳаққонӣ доир шуда буд.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай аз низомиёни хориҷӣ даъват карда буд, ки аз баргузории ин гуна амалиёти шабона даст бардоранд, зеро он ба амнияти мардуми осоишта таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG