Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CIA: "Имкон дошт, ки покистониҳо ба бин Лодин иттилоъ диҳанд"


Раиси СIA эълом кард, ИМА тасмим гирифта буд бидуни иттилои Исломобод амалиёти қатли бин Лодинро анҷом диҳад.

Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи Ал-Қоида ва тарроҳи ҳамлаҳои 11-и сентябри 2011 дар минтақае наздик ба Исломобод якшанбешаб ба дасти нерӯҳои вижаи амрикоӣ кушта шуд.

МУХОЛИФАТИ CIA БА МУШОРИКАТИ ПОКИСТОНИҲО

Ба гуфтаи Леон Панетта, раиси СIA, муддатҳо пеш аз он, ки вай дастури амалиёт алайҳи бин Лодинро содир кунад, ин созмон машғули баррасии гузинаҳои мумкин барои ҳадаф қарор додани Усома бин Лодин будааст.

Леон Панетта мегӯяд, моҳҳо пеш аз анҷоми амалиёт, ИМА анҷоми амалиёти муштарак ва аз ҷумла бо ширкати покистониҳоро меандешидааст, аммо СIА бо мушорикати покистониҳо мухолиф будааст.

Оқои Панетта дар ин бора гуфт: «Тасмим бар ин шуд, ки ҳар гуна иқдомоте барои ҳамкорӣ бо покистониҳо метавонад ин амалиётро ба хатар биндозад. Онҳо мумкин аст ба ҳадафҳо иттилоъ бидиҳанд.»

ГУЗИНАҲОИ МУХТАЛИФИ CIA

Раиси СIА мегӯяд, ИМА ҳамчунин дар назар дошт бо бамбафканӣ Б-2 аз боло ҳадафро бамборон кунад ё ин, ки бо мушакҳои «Куруз» маҳали иқомати Усома бин Лодинро ҳадаф қарор диҳад, аммо ин гузинаҳо низ канор гузошта шуд.

Леон Панетта дар айни ҳол мегӯяд, бамборон ё мушакборони маҳали иқомати бин Лодин ҳамчунон то рӯзи панҷшанбе ҳамчунон дар назар буд.
Леон Панетта дар ин мусоҳиба меафзояд, вай рӯзи сешанбе 15 мушовири худро даъват кард то дар бораи эътибори иттилооти гирдоваришуда дар бораи маҳали иқомати бин Лодин дар Иббитобод назар диҳанд, маҳале ки гумон мерафт раҳбари Ал-Қоида дар он пинҳон шуда бошад.



Ба гуфтаи раиси СIА, далоил ва шавоҳиди ғайри мустақиме аз ин, ки бин Лодин дар он маҳал зиндагӣ мекунад, ҷамъоварӣ шуда буд. Барои намуна сокинон партовҳои худро месӯзониданд ва тадобири шадиди амниятӣ дар онҷо вуҷуд дошт.

Панетта мегӯяд, аммо бо ин ҳол моҳвораҳои амрикоӣ натавониста буданд аз худи Усома бин Лодин ё аъзои хонаводааш аксбардорӣ кунанд. Леон Панетта мегӯяд, дар ҷаласаи рӯзи шанбе ӯ мутаваҷҷеҳ шуд, ки мушовирон бар сари чигунагии анҷоми амалиёти иттифоқи назар надоранд.

СIA ДАСТ БА КОР ШУД

Раиси СIА таъкид мекунад, ки гурӯҳе аз мушовирон нигарон буданд ҳодисае мушобеҳ бо Саҳрои Тибс дар амалиёти озодсозии гаравгонҳои амрикоӣ дар Эрон рӯй диҳад ё моҷарои сарнагунии чархболи амрикоӣ дар Сомалӣ такрор шавад. Леон Панетта меафзояд, бархе ҳам мегуфтанд, агар нерӯҳои вижа аз чархбол пиёда шаванд ва нерӯҳои покистонӣ ба онҳо тирандозӣ карданд, чӣ бояд кард.

Панетта мегӯяд, ба ақидаи вай шавоҳид он қадар маҳкам буд, ки арзиши хатар кардан дошта бошад ва аз ҳамин рӯ ӯ худ масъаларо бо раиси ҷумҳури Амрико дар миён гузошт, гарчи ба гуфтаи ӯ, мушовирон танҳо 60 то 80 дарсад эҳтимол медоданд, ки бин Лодин дар ин маҳал сукунат дошта бошад.

ОБАМА ТАРҲИ ПАНЕТТАРО ТАРҶЕҲ ДОД

Ончунон, ки раиси СIА мегӯяд, Барак Обама гузинаи пешниҳодии Леон Панеттаро ба соири гузинаҳо(бамборон ё мушакборон ва сабр кардан барои ҷамъоварии иттилооти бештар) тарҷеҳ додааст.

Леон Панетта мегӯяд, Барак Обама дар ҷаласаи рӯзи пашҷшанбе ба назарҳои мухталиф гӯш додааст. Панетта дар ин ҷаласа гуфтааст, ки иттилооти кунунӣ қавитарин шавоҳиди мавҷуд аз соли 2001 аст, ки Амрико маҳали бин Лодинро дар кӯҳҳои Турабура шиносоӣ карда буд. Леон Панетта ҳамчунин дар ин ҷаласа гуфтааст, ба хотири тадобири амниятии маҳале, ки гумон мерафт бин Лодин дар онҷо буд, эҳтимолан иттилооти бештаре наметавон аз он ба даст овард.


Раиси СIА мегӯяд, рӯзи ҷумъа Борак Обам назари пешниҳодии вайро бар соири гузинаҳо бартар шумурд ва ба ӯ гуфтааст, ки иҷозаи анҷоми амалиёт бо чархболро содир кардааст.

Панетта дар идома тасреҳ мекунад, пас аз он буд, ки вай ба раиси Ситоди муштараки амалиёти вижа дастури анҷоми амалиётро додааст.

Панетта мегӯяд, ба раиси Ситоди муштараки амалиёти вижа гуфтааст, ки« бирав онҷо ва бин Лодинро бигир.»

Ба гуфтаи Панетта, мақомҳои СIА аз утоқи фармондеҳӣ амалиётро ба таври зинда медиданд то ин, ки раиси Ситоди муштараки амалиёти вижа гуфтааст, Усома бин Лодин дар онҷо аст.
XS
SM
MD
LG