Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед: Усома бин Лодин мусаллаҳ набуд


Кохи Сафед мегӯяд, раҳбари Ал-Қоида, Усома бин Лодин ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ба манзилаш бесилоҳ буд. Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, “нигароние вуҷуд дошт, ки бин Лодин ҳангоми боздошт муқовимат нишон хоҳад дод ва дар воқеъ низ ӯ талоши муқовимат кард.” Аммо, афзуд ӯ, даргирии мусаллаҳона на дар хона, балки дар рӯи ҳавлӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Карнӣ гуфт, ҳамсари бин Лодин худро ба тарафи ҳамлаварони амрикоӣ партофт ва ҳадафи тир қарор гирифта, аз пояш захмӣ гашт. Дар ҳамин лаҳза буд, ки ба тарафи бин Лодин тир андохта шуд. Аммо вай силоҳ надошт. Вай изофа кард, ки бисёриҳо дар ин ҳавлӣ, тақрибан 22 нафар мусаллаҳ буданд ва 17 нафари онҳо афроди осоишта.
XS
SM
MD
LG