Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед саркӯбии эътирозҳои Сурияро маҳкум кард


Рӯзҳои сахте ки ба сари раҳбари Сурия Башор Асад омадааст
Рӯзҳои сахте ки ба сари раҳбари Сурия Башор Асад омадааст
Кохи Сафед таъқиби, ба гуфтаи Вошингтон, ваҳшиёнаи тазоҳургарон ва куштори мардуми мулкӣ бо дасти нирӯҳои амниятӣ дар Сурияро шадидан маҳкум кард. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, масъулони ин аъмол бояд ба муҷозот кашонида шаванд. Ӯ афзуд, Амрико давлати Сурияро ба хештандорӣ ва эҳтироми ҳуқуқи мардумаш даъват мекунад. Мақомоти Сурия дирӯз дар пасманзари ошӯбҳои ахир гуфтанд, ки роҳҳои беҳбуди вазъи зиндагии мардум ва ҳам лағви қонуни вазъи изтирориро, ки аз соли 1963 амал мекунад, ба баррасӣ гирифтаанд. Бузайна Шаъбон, мушовири матбуотии раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, дар як нишасти ғайриоддии хабарӣ дар Димишқ эълон кард, ки ба хотири таҳияи роҳҳои беҳбуди меъёрҳои зиндагӣ як кумита ташкил шудааст. Хонум Шаъбон афзуд, ин кумита мавзӯъи лағви вазъи изтирориро низ таҳлил хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG