Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия дигар нирӯи ҳавоӣ надорад


Ҷангандаҳои эътилоф шабакаҳои дифоъи ҳавоӣ дар наздикии пойтахти Либияро бамборон кардаанд.

Инчунин гузориш мешавад, ки як қароргоҳи нирӯҳои Қаззофӣ дар ҳошияи шаҳри Мисрота, яке аз пойгоҳҳои иҳоташудаи чирикҳо мавриди ҳуҷуми эътилофи байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ, нирӯҳои Қаззофиро ҳатто маҷбур кардааст, то тонкҳои худро аз ин минтақа берун бикашанд. Як инфиҷори шадид шаби гузашта дар пойгоҳи низомии воқеъ дар Тоҷура, 32-километрии пойтахти Либия, низ мушоҳида шудааст. Телевизиони давлатии Либия баъдтар бидуни ироаи ҷузъиёт хабар дод, ки “истеъморгарони салибӣ бархе мавзеъҳои мулкиву низомиро дар Тоҷура бамбор мекунанд.”

"НЕРӮИ ҲАВОИИ ЛИБИЯ АЗ БАЙН БУРДА ШУДААСТ"

Витсе-маршал Грег Багвелл, фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Бритониё дар амалиёти Либия гуфт, нирӯҳои ҳавоии Қаззофӣ “дигар ба ҳайси як нирӯи ҷанганда вуҷуд надоранд” ва ҳавопаймоҳои эътилоф акнун метавонанд дар ҳарими ҳавоии Либия “тақрибан бидуни ягон муҷозот” амал кунанд.



Бо ин ҳол, дирӯз сафирони ҳамаи 28 кишвари узви паймони низомии НАТО дигарбора дар Брюссел масъалаи густариш ва ҳадди мушорикати ин паймон дар иҷрои қатъномаи СММ ҷиҳати эъмоли минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ дар фазои Либияро баҳс карданд.

Сухангӯи НАТО Оана Лунгеску гуфт, аъзои эътилоф ин мавзӯъро танҳо машварат кардаанд, вале кадом тасмиме дар ин маврид ҳанӯз гирифта нашудааст: “Ончи ки шумо феълан мебинед, ин аст, ки ҳамаи 28 кишвари узв ин мавзӯъро дар як ҳавои созанда баҳс мекунанд. Онҳо омодаанд, ҷиҳати таъмини иҷрои қатъномаи рақами 1973-юми Шӯрои Амнияти СММ қадами аввалро гузоранд ва ба назари ман, муҳим ин аст, ки НАТО иттифоқи назар дорад ва НАТО амал мекунад.”

Ливийское телевидение показало последствия авиаударов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00


ИХТИЛОФ ДАР АВРУПО

Фаронса мехоҳад, то гурӯҳи асосии аъзои эътилоф, бо шумули Лигаи давлатҳои арабӣ, назорати сиёсиро ба дасти худ бигирад. Порис ва ҳамин тавр, Вошингтону Лондон ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки паймони НАТО бояд дар амалиёти Либия нақши асосиро бозӣ кунад.

Аммо Туркия, танҳо кишвари мусалмонии узви НАТО, мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи Қаззофӣ аллакай аз марзи маъмурияти СММ хориҷ рафтаанд. Туркия бо ин вуҷуд, розӣ шудааст, ки барои ширкат дар амалиёти алоҳидаи НАТО дар Либия 5 киштии ҷангӣ ва киштии зериобиашро бифиристад. Ҳадаф аз ин амалиёт, таъмини иҷрои қарори манъи фурӯши аслиҳа ба ин кишвари арабист.

Бо ин ҳол, дар Либия даргириҳо байни нирӯҳои Қаззофӣ ва чирикҳо дар Зинтон, як минтақаи таҳти назорати чирикиҳо дар наздикии марзи Тунис, ва ҳам дар Яфрон, шаҳре воқеъ дар ҷануб-ғарби Троблус ҳамчунон башиддат идома доштааст.
XS
SM
MD
LG