Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вижагиҳои Наврӯзи Вахшонзамин


Муҳаққиқон мегӯянд, дар садсолаи ахир Наврӯзи Вахшонзамин вижагиҳое ба худ касб кардааст.

Сокинони водии Вахш Наврӯзро бо поккории хонаву дару кӯчаҳо, оғози киштукори замин, кушодани дастурхони дастаҷамъонаи идона, гулханафрӯзию гулгардонӣ, гандумкӯбию суманаку ҳалвопазӣ ва гӯштигирию човандозӣ истиқбол мегиранд.

Ҳарчанд одату маросимҳои наврӯзӣ дар водии Вахш аз наҳваи таҷлили ин ҷашни суннатӣ дар манотиқи дигари Тоҷикистон тафовутҳои чашмгире надорад, аммо муҳаққиқон бар ин назаранд, ки дар сад соли ахир Наврӯз дар ин водӣ вижагиҳое ба худ касб кардааст.

Муаллифи китоби «Таърихи водии Вахш» профессор Хушбахт Абдуназаров мегӯяд, чун дар садсолаи ахир барои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои водии Вахш аз саросари собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ муҳоҷирони зиёде ба ин минтақа кӯч баста буданд, урфу одатҳои миллии онҳо низ ба фарҳангу оини мардуми бумӣ таъсиргузор шудааст. Аз он ҷумла дар одатҳои наврӯзӣ.


"НАВРӮЗ", "ЛОЛА САЙЛӢ" ВА "САБАНТӮЙ"

Хушбахт Абдуназаров, тахрихшиноси тоҷик
Х. Абдуназаров мегӯяд: «Дар вақти азхудкунии водии Вахш дар аввалҳои асри 20-ум, муҳоҷирони зиёде аз водиҳои кӯҳии Тоҷикистон, аз шимоли кишвар, аз Узбакистон, аз Закавказе, Русия ва дигар кишварҳо ба ин минтақа муҳоҷир шуда омаданд ва дар натиҷаи ҳамзистӣ, урфу одатҳои мардумони гуногуне, ки дар ин маҳал ҷамъ омада буданд, омехта шуданд. Инҳо аз солҳои 60-уми асри гузашта Наврӯзро якҷоя таҷлил мекарданд. Вақте ки тамаддунҳо бо ҳам бармехӯранд, гуфтугӯ мекунанд, аз ҳамдигар меомӯзанд. Узбакҳо, масалан, «лола сайли» мегуфтанд, духтарон лолачинӣ мекарданд ва ин як суннати наврӯзӣ буд. Тоторҳо «сабантӯй» мегуфтанд замони эҳёи табиатро. Ба ҳамин тариқ, ҳоло тарзи истиқбол ва ҷашнгирии Наврӯзи мардумони водии Вахш масалан, аз наврӯзии бадахшониҳо як каме фарқ мекунад…»

Вале профессор Абдуназаров аз он изҳори таассуф кард, ки бархе аз анъанаҳои аҷдодӣ, мисоли оташпараку гулханафрӯзӣ ва он одатҳои наврӯзие, ки аз замони Зардушт ба мерос мондааст, ҳоло дар водии Вахш риоят ва анҷом намешаванд.

НАВРӮЗ - ОМИЛИ ДӮСТӢ

Ӯлмасой Холмирзоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар маҳалли зисти ӯ, мардум маросимҳои вобаста ба оташу оташпарастиро, бинобар ин ки дар дини ислом макрӯҳ ҳисоб мешавад, беарзиш шумурда ва иҷро намекунанд. Ва аммо ба гуфтаи ӯ, одатҳои дигаре, назири хонабарорию тармими манзил, тозасозии боғу шинондани ниҳолу гулҳо ва кушодани хони наврӯзӣ бо суманакро ҳамагӣ анҷом медиҳанд.

Хонум Холмирзоева мегӯяд: «Оши палову шӯрбо мепазем, оталаи бурида, гандумкӯча ҳам таҳия мекунем. Ҳама ҳамсояҳо сарҷамъ мешавем, гирди як дастурхон шеъру таронасароӣ мекунем. Гандуми сабзшударо суманак мегузорем. Баъдан ҳама мардуми маҳалла, хурду калонро ҷамъ мекунем, бо ҳам ғизо мехӯрем. Ҳатто раҳгузаронро даъват мекунем, ки бо мо наврӯзӣ кунад. Агар монад, ғизоро тақсим мекунем. Ин корро аз барои савоб мекунем. Духтарон ва занҳои ҷавон дар гирди деги суманак рақсу бозӣ мекунанд, то ки суманакамон ширину хушхӯр шавад.»

НАВРӮЗИ КАМБИЗОАТОН

Вале таҷлили пуршӯкӯҳ аз Наврӯз на ба ҳама хонаводаҳо дар Хатлон даст медодааст. Фахриддин Насриддинов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бо дастмузди ками омӯзгориаш наметавонад рӯйи дастурхонаш ғизоҳои гуногуни наврӯзӣ бигузорад. Вай афзуд: «7-сину 7-шинро дар рӯйи дастурхон гузошта натавонем ҳам, кӯшиш мекунем, ки ақаллан оши палов пазем, ҳамдигарро табрик мекунем. Ба писаронам, ки дур аз ватан ҳастанд, телефон карда, онҳоро ҳам муборакбод карда, дуоҳои нек медиҳам…»

Сиддиқа Каримова, корманди идораи коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа, низ мегӯяд, маоши нокофиаш имкон намедиҳад, ки Наврӯзро бо дастурхони ороставу пероста таҷлил кунад ва ғизоҳои лазизи идона таҳия пазад: «Маоши ман баробар ба 140 сомонӣ аст. Бо ин пул аз куҷо наврӯзӣ карда мешавад. Танҳо як халта орд харидан мумкин асту халос. Ҳазорон бор шукри фарзандони муҳоҷирам мекунам, ки боз пул мефиристанд ва бо ҳамсояҳо наврӯзӣ доир мекунем»

Ин ҳам дар ҳолест, ки шумораи қобили мулоҳизаи хонаводаҳо дар водии Вахш Наврӯзро дар ғайби афроди саробони муҳоҷирашон ҷашн мегиранд.
Дастурхони идонаи ин хонаводаҳо асосан бо пули фиристодаи сарпарасти оила аз кишвари муҳоҷират оро ёфта, аммо дидори пайванди муҳоҷирашон ягона орзуи наврӯзии аъзои ин оила боқӣ мемонад.

Моҳрӯ Шарифова, сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳамсараш ба сабаби бекорӣ ду сол қабл ба муҳоҷирати корӣ ба Русия раҳсипор шуда, ҳоло бо пули мардикориаш хонаводаро таъмин мекунад. Вай гуфт, ҳамсараш ахиран 200 доллари амрикоӣ фиристодааст, то ки фарзандонаш тавонанд Наврӯзро дар гирди дастурхони ороставу пероста ва бо ғизоҳои хубу гӯштӣ таҷлил бикунанд.

Хонум Шарифова афзуд, ҳарчанд ӯ ва фарзандонаш бисёр мехостанд, ки Наврӯзро дар ҳузури саробони оила пешвоз бигиранд, аммо заруратҳои зиндагӣ намегузорад, ки ҳамсараш ба Тоҷикистон баргардад: «Афсӯс, ки ҷашни миллию аҷдодии Наврӯз ин дафъа ҳам ба мисли идҳои дигар бе ҳузури ҳамсар, падари фарзандонам, дар хонавода тамом мешавад.»

НАВРӮЗИ ДАСТҶАМЪӢ

Вале таҷлили пуршукӯҳ аз Наврӯз на ба ҳама хонаводаҳои камбизоат, ки сарпарасташон дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебарад, осон будааст. Холаи Сапеда, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар айни замон се писараш дар Русия – кишвари муҳоҷират мардикорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ду писари дигари муҳоҷираш низ дар ватан соҳиби зану фарзанд
буда, масъулияти таъмину саробонии онҳоро ба зимма доштаанд. Холаи Сапеда афзуд, азбаски дар хонавода чанд келину набера дорад, имкони густурдани дастурхони пурнозу неъмати наврӯзиро надоштааст. Биноан, бо ҳамсояҳои маҳалли зисташ маслиҳат шудааст, ки Наврӯзро дастаҷамъона, бо оростани як дастурхони идонаи умумӣ таҷлил кунанд. Вай дар ин иртибот гуфт: «Барои забҳ кардани гӯсфанд бо ҳамсояҳо пул ҷамъ кардем, таҳияи таомҳои дигари наврӯзиро кадбонуи ҳар хонадон ба дӯш гирифтааст. Ба ҳамин ҷашнгоҳамон ҳамчунин 3-4 арӯси нави маҳалларо бо домодҳо даъват мекунем. Агар фарзандонамон дар муҳоҷират бошанд, ҳам бояд суннатҳои миллӣ анҷом дода шаванд. Писаронам занг зада гуфтанд, ки бояд хотирҷамъ бошем. Чунки онҳо ҳам дар Русия Наврӯзро ҷашн мегирифтаанд…»

Ба бовари мусоҳиби мо, дар рӯзи Наврӯз набояд тафриқа миёни хонаводаҳои сарватманду ниёзманд эҳсос шавад.

Зимнан, бисёре аз хатлониён, Наврӯзро дастаҷамъона, бо оростани дастурхону умумӣ таҷлил мекунанд. Ин наҳваи таҷлил бахусус барои хонаводаҳои камбизоату бесарпарасти водии Вахш қулай будааст, чун бо харҷи камтар ҳама суннату маросимҳои наврӯзӣ анҷом шуда, афроди дорову нодор якгуна бо ҳам шодиву тараб мекунанд.

НАВРӮЗИ "ДАРВЕШОНА"

Ба иддаои профессор Хушбахт Абдуназаров, муаррихи тоҷик, ҳоло ки бахши аъзами аҳолии Хатлон дар шароити камбизоатӣ ба сар мебаранд, дар водии Вахш яке аз анъанаҳои наврӯзӣ, ки «дарвешона» ном доштааст, бештар аз ҳама маҳбуб буда, бештар аз ҳама анҷом мешавад.

«Дарвешона», ба гуфтаи ҷаноби Абдуназаров, хоса аз ҷониби мардуми дасткӯтаҳу нодор, анҷом шуда, оростани дастурхони дастаҷамъонаи наврӯзиро дар назар доштааст.

Профессор Абдуназаров дар ин замина мегӯяд: «Дарвешона»-ро мардуми маҳаллӣ худаш эҷод кардааст. Ҳама халқ ба кӯча баромада, дар як рӯзи муайян ҳашар катӣ ҳама ҷоро оро медиҳанд, баъдан касе чӣ тавоноие дорад, масалан, яке отала мепазаду дигаре оши палов, яке шӯрбо мепазаду дигаре кулчаҳои зебо. Хуллас, намудҳои гуногуни ғизоро ҳар касе дар хонааш таҳия карда, сипас, ба дастурхони умумӣ мебарорад. Баъд одамон ҷамъ шуда, оят мехонанду дуо мекунанд, он ғизоҳоро тановул мекунанд. Сонӣ, буз медиҳанд, гӯштин доир мекунанд, тамошои хуб доир мешавад.»

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки дар авоили асри гузашта ба ғайри тоҷикони муқимӣ дар ҷанубу шарқу шимоли кишвар, ҳамчунин узбакону тоторҳо низ ба водии Вахш муҳоҷир шуда буданд, тарзу усули таҷлили Наврӯз ҳам дар ин минтақа якгуна набуда, дар натиҷаи ҳамзистии мардумон, ин одатҳо омехта шудаанд.

Ва аммо фаро расидани баҳору Наврӯзро намояндагони тамоми миллатҳои маскун дар водии Вахш бо шодиву тараб истиқбол карда, гирди як дастурхони идона ҷамъ меоянд ва ғизои лазизи суманакро, ки рамзи баҳору Наврӯз шинохта шудааст, истеъмол мекунанд.
XS
SM
MD
LG