Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бамборони Либия


Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ барои саввумин рӯз аҳдофе дар Либияро ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Шоҳидон дар бораи таркишҳо дар пойгоҳи баҳрии Бусета, воқеъ дар 10-километрии шарқи Троблус, пойтахти Либия хабар дода, телевизиони Либия мегӯяд, чандин минтақа дар дохил ва атрофи пойтахт бамборон шудааст. Сухангӯи давлати Либия ҳадафи бамборони ҳавопаймоҳои эътилоф қарор гирифтани дастикам як шаҳри дигар дар ҷануби кишварро низ таъйид кард. Телевизиони давлатии Либия аммо гуфт, “ин ҳамлаҳо мардуми Либияро тарсонда наметавонанд.”

ЛИБИЯ ОТАШ МЕГИРАД

Як қароргоҳи Қаззофӣ дар Троблус дар шаби дуввуми ҳамлаҳо тахриб шуда, аз тахриби як корвони тонкҳои роҳии Бенғозӣ, маркази ошӯбҳои зидди режими Қаззофӣ, низ гузориш шудааст.

Мақомоти Либия аз тасаллути худ бар Мисрота, наздиктарин пойгоҳи чирикиҳо ба Троблус дам мезананд. Аммо намояндаи аршади ситоди нирӯҳои Амрико дар қораи Африқо генерал Картер Ҳамм гуфт, ҳамлаҳои анҷомшуда тавон ва иродаи нирӯҳои Қаззофӣ барои идомаи ҳамлаҳо болои чирикҳоро заъиф сохта, ба муҷарради расидани ҳавопаймоҳои ҷадид, марзи минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ дар фазои Либия то 1000 километрро дар бар хоҳад гирифт.

Иқдоми низомӣ алайҳи Либия - бузургтарин иқдоми низомӣ алайҳи як кишвари арабӣ аз замони оғози ҷанги Ироқ дар 8 соли пеш - субҳи якшанбе ба дунболи тасвиби қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ оғоз ёфт. Ин қатънома ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамла болои мардуми мулкӣ ба истифодаи иқдомоти низомӣ ба эъмоли минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ дар фазои Либия роҳ кушод.



ПУТИН "....ЮРИШИ САЛИБӢ"

Дар ИА, Олмон ба иқдоми низомӣ мухолифат варзида, аз ширкат дар эътилофи низомӣ даст кашид. Ин иқдом мояи як таниши лафзӣ дар мазҳари омм байни раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазираш Владимир Путин низ шуд. Путин дирӯз қарори СММ-ро ба “даъватҳои қуруни вусто ба юриши салибӣ” шабоҳат дод ва қатъномаи Шӯрои Амниятро “пурхато ва ноқис” номид. Ӯ гуфт, истифодаи нирӯ дар умури байналмилалӣ барои Амрико мисли як анъана шудааст: “Дар аҳди раёсати Билл Клинтон, онҳо Югославия ва Белградро бамборон карданд. Буш ба Афғонистон нирӯ фиристод. Баъдан онҳо бо баҳонаҳои комилан сохта ба Ироқ нирӯ ворид карда, тамоми раҳбарони Ироқро аз байн бурданд. Ҳатто кӯдакони хонаводаи Саддом Ҳусейн кушта шуданд. Акнун навбати Либия шудааст ва ин бор дар зери чатри гӯё дифоъ аз мардуми мулкӣ.”

Аммо баъди ҳамагӣ чанд соат, Медведев чунин назариёти Путинро “ғайри қобили қабул” унвон кард ва гуфт: “Ба ҳеҷ ваҳҷ набояд вожаҳоеро, чун “юришҳои салибӣ” ва амсоли онро, ки боиси ихтилофи байни тамаддунҳо мешавад, кор бурд. Ин ғайри қобили қабул аст. Дар сурати баръакс, ин ҳама метавонад мунҷар ба авоқиби ҳатто нисбат ба ҳозира бадтаре шавад. Ва ҳама бояд ин нуктаро дар хотир дошта бошанд.”

Хабаргузориҳои русӣ аз қавли Медведев нақл кардаанд, ки ба пуштибонӣ аз қатъномаи СММ гуфтааст: “Ман фикр намекунам, ки ин қатънома иштибоҳӣ бошад. Ба ақидаи ман, ин қатънома тамоми бардоштҳои мо аз рӯйдодҳои Либияро мунъакис мекунад.”

ОБАМА" ҚАЗЗОФӢ МУЛЗАМ БА РАФТАН АСТ"

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки дар нишасти хабарие дар Чили сӯҳбат мекард гуфт, Амрико аз барканории Муаммар Қаззофӣ пуштибонӣ мекунад, вале ҳадафи талоши низомии байналмилалӣ маҳдудтар буда, иборат аз эъмоли минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ дар фазои Либия ва дифоъ аз мардуми мулкӣ дар муқобили теғи ҷазои нирӯҳои содиқ ба
Қаззофист, ки 42 сол боз бар Либия ҳукумат меронад. Обама гуфт, Амрико фармондеҳии амалиёти низомӣ алайҳи Либияро “то чанд рӯзи дигар, на чанд ҳафта” ба дигарон таҳвил хоҳад дод: “Сиёсати Амрико ҳамин аст, ки Қаззофӣ мулзам ба рафтан аст. Ва мо бар замми талошҳои низомӣ, як силсилаи фарогири васоили дигарро низ дар ихтиёр дорем, то аз ин сиёсат ҳимоят кунем.”

Генерали амрикоӣ Картер Ҳамм гуфт, ҳадафи онҳо дар Либия дифоъ аз мардуми мулкист, на ҳимоят аз мухолифин ё шикори Қаззофӣ: “Маъмурияти ман ҳамла ба ин нафар нест ва мо чунин иқдоме рӯи даст надорем, ки паноҳгоҳи ӯ ё чизҳое мисли инро ҷустуҷӯ кунем.”

Бо ин ҳол, Фаронса изҳори умедворӣ кард, ки режими Қаззофӣ ба зудӣ суқут хоҳад кард. Ва ба дунболи баста шудани сафорати Амрико дар Троблус, Туркия розӣ шудааст, то аз манофеъи Вашингтон дар Либия намояндагӣ кунад. Таҳвили намояндагӣ аз манфиатҳои худ ба як кишвари дигар одатан дар забони дипломатҳо ба маънои омодагӣ ба иқдоми хеле бештари низомист.
XS
SM
MD
LG