Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси FIDE ба Душанбе омад


Кирсан Илюмжинов
Кирсан Илюмжинов
Кирсан Илюмжинов, президенти Федератсиюни байналмилалии шоҳмот ё FIDE ба Душанбе омад. Дар ин бора ба “Озодӣ” Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ гуфт, дар ин сафар Илюмжиновро муштзани маъруфи тоҷик, барандаи медалҳои нуқраву биринҷии олимпӣ ва қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Раҳимқул Малахбеков ҳамроҳӣ мекунад.

Бар пояи барномаи сафари президенти FIDE, ӯ рӯзи 22-юми март бо роҳбарони Федератсиюни шоҳмоти Тоҷикистон мулоқот мекунад ва бо беҳтарин шатранҷбозони тоҷик сари тахтаи шоҳмот менишинад.

Дар назар аст, ки Кирсан Илюмжинов ҳамчунин бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, масъалаи рушди шоҳмот дар ин кишварро баррасӣ кунад.

Дар барномаи пешазинтихоботии Кирсан Илюмжинов, ки ӯро бори охирин моҳи сентябри соли 2010 ба вазифаи президенти Федератсиюни байналмилалии шоҳмот аз нав интихоб карданд, бунёди қасрҳои шоҳмот дар кишварҳои аъзои ин федератсиюн ба нақша таъкид шудааст.

Бино бар ин, мақсади асосии сафари Илюмжинов ба Тоҷикистон ҳалли масъалаи бунёди Қасри шоҳмот дар Душанбе гуфта мешавад.

Кирсан Илюмжинов аз соли 1995 ба ин сӯ ба Федератсиюни байналмилалии шоҳмот раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG