Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркиш дар кони ангишт афзоиш ёфт


Дар вилояти Балуҷистон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Покистон, аз кони ангишт ҷасади боз 15 кӯҳкан берун карда шуд ва теъдоди қурбониёни таркиши рӯзи якшанбе ба 21 нафар расид.

Ҳадс зада мешавад, ки зери харобаҳои кон 31 нафари дигар боқӣ мондаанд ва аммо шонси зинда берун кардани онҳо ночиз аст.

Ифтихор Аҳмад, муфаттиши бахши кӯҳӣ, ба хабарнигорон гуфт, ки таркиш бар асари ҷамъ шудани гази метан дар кон рӯх додааст. Ӯ афзуд, ки ду ҳафта пеш аз фоҷиа кони ангишт хатарбор эълон шуда буд ва аммо масъулин инро нодида гирифтанд.
XS
SM
MD
LG