Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи тантанаҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон


Шавкат Саидов
Имрӯз, соати 10, дар Наврӯзгоҳи Душанбе, Ипподроми собиқ, ҷашни асосии наврӯзии пойтахти Тоҷикистон доир хоҳад шуд. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, барои баргузории ин намоиши пуршукӯҳ то 10 000 нафар басиҷ шудаанд.
Шавкат Саидов гуфт, рӯзи 22 март дар ин наврӯзгоҳ мусобиқоти гуштии наврӯзӣ ва рӯзи 23 март пойгаи аспҳои тоҷикиву инглисӣ низ доир мешавад. Шаби гузашта дар майдони назди ҳайкали Исмоили Сомонии Душанбе барои нахустин бор ба шарафи Наврӯз як консерти бузург низ доир шуд. Таҷлил аз иди Наврӯз дар Тоҷикистон 4 рӯзи дигар идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG